wrapper

Навидҳои рӯз

  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорон ва ҳамаи мардони шуҷоъро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал самимона табрик менамояд!
  Ин рӯзи фархунда рамзи мардонагӣ, шуҷоат, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад. Ҳифзи истиқлол, таъмини амният ва суботи кишвар вазифаи муқаддас ва масъулияти бузург аст, ки Шумо бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда истодаед.
  Ба Шумо тансиҳатӣ, иродаи қавӣ, муваффақиятҳои нав дар фаъолияти хизматӣ ва рӯзгори пурсаодат орзумандем.
  Бигзор сулҳу оромӣ, ваҳдат ва пешрафт ҳамеша дар Тоҷикистони азизамон пойдор бошад!
Бо эҳтиром,
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика
ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Яндекс.Метрика