Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла таваҷҷуҳи ҳозиронро ба масоили баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, ба талаботи замон мутобиқ ва самарабахш намудани тадқиқоти илмӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни илму истеҳсолот, беҳтар намудани сифати корҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани зербино ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт ва дигар мавзӯъҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъиншуда супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона бо қалби поку ниятҳои наку вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, ҳамзамон мудом дар тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамаҷониба саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин, ба омӯзиши амиқи забонҳои ҷаҳонӣ ва аз худ намудану ба манфиати кор васеъ истифода намудани технологияҳои муосири иттилотӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Last modified on Чоршанбе, 19 Март 2025