Ташвиқу тарғиби Паёми Пешвои миллат дар Ташкилоти “Рушди устувор”
Санаи 27 январи соли 2026 дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди устувор”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025.
2. Ҳисоботи раиси Ташкилот оиди фаъолияти соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026.
3. Тасдиқи Нақша-чорабинии Ташкилот барои соли 2026.
Оид ба масъалаи якум аъзои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр суханронӣ намуданд. Дар музокира муовини Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин баромад намуда, иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз 16 декабри 2025) як ҳуҷҷати расмии сиёсӣ аст, ки дастовардҳои соли 2025-ро ҷамъбаст мекунад, ҳадафҳои стратегиро муайян менамояд ва супоришҳои мушаххас ба ҳукумат, вазоратҳо ва мақомот медиҳад. Ин паём дар заминаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти Тоҷикистон (2026) сурат гирифта, ҳам ҷанбаҳои таърихӣ ва ҳам сиёсиро дар бар мегирад.
Баъдан ҳисоботи аз ҷониби раиси Ташкилот Гулаҳмадзода Аминҷон пешниҳод гардид. Дар муҳокимаи ҳисобот муовини Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, такид карданд, ки ташкилот дар соли 2025 дар корҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, илмӣ, тарбиявӣ фаъол буда, аъзоёни ташкилот бо мукофотҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ дар соли 2025 қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин такид намуданд, ки бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ташкилот аз ҳисоби ҷавонони фаъол ба сафи аъзоёни ҳизб зиёд карда шаванд.
Мавриди баррасии масъалаи сеюми ҷаласа Нақша-чорабиниҳо барои соли 2026 бо пешниҳодҳои аъзоёнии ташкилот тасдиқ карда шуд.



Тоҷикӣ
Русский
English