wrapper

Навидҳои рӯз

  Бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об, аз ҷумла, дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо мақсади тоза намудани соҳили дарёи Душанбе аз партовҳои гуногун аз ҷониби кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 10.06.2023 аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ин аксияи экологӣ кормандони институт фаъолона ширкат варзида, дар тоза кардани қисме аз соҳили дарё ва баровардани партовҳо аз оби дарё саҳми худро гузоштанд.

  Ҳадаф аз баргузории иқдоми мазкур тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Душанбе, тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани соҳили дарё, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгў намудан ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар пойтахти кишвар мебошад. Ҳамчунин, тавассути баргузории аксияи экологӣ кормандони институт дар пешрафти корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии яке гўшаҳои Душанбешаҳр ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинони пойтахт дар мавзеи соҳили рўди Душанбе саҳмгузорӣ намуданд.

  Ҳамин тавр, дар доираи чорабинии мазкур соҳили рости дарёи Душанбе аз купрўки Роҳи оҳан (назди Маркази савдои «Ёвар») то купрўки хиёбони Саъдии Шерозӣ аз ҳамагуна партов ва ифлосиҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби ходимони илмии институт баҳри тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Душанбе, дар умум, манбаъҳои обӣ ва пешгирии ифлосшавии об, ҳаво ва муҳити атроф аз партовҳо бо аҳолӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва дараҷаи фаҳмиш суҳбатҳои сарироҳӣ гузаронида шуданд.

  Ҳамин тавр, роҳбарияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон азм дорад, ки чунин чорабиниҳо ва аксияҳои экологиро дар манотиқи мухталифи пойтахт – Душанбешаҳр ва инчунин, шаҳру навоҳии гирду атрофи он мунтазам баргузор намояд.

 

 

Last modified on Якшанбе, 11 Июн 2023
Яндекс.Метрика