Тренинг оид ба таҳкими устувории иқлимӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Санаи 10 апрели соли 2026 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, дар доираи лоиҳаи «Тақвияти устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи арзёбии системаҳои баландкӯҳии барфу пиряхҳо бо мақсади таҳияи усулҳои ҳамгирои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» (ГЭФ–БРСММ–ЮНЕСКО) тренинг баргузор намуд.
Дар ҷараёни тренинг директори институт ва мутахассисон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба зондкунии фосилавии Замин, офатҳои табиӣ, инчунин гидрологияву метеорологияро баррасӣ карданд.
Ҳадафи асосии лоиҳа — тақвияти ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти омӯзиши системаҳои баландкӯҳии барфу пирях, инчунин таҳияи равишҳои асосноки илмӣ барои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Тренинг коршиносон, муҳаққиқон ва ҷонибҳои манфиатдорро барои мубодилаи дониш, таҷрибаҳои пешқадам ва таҳияи қарорҳои ҳамоҳангшуда оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ муттаҳид намуд.
Дар тренинг намояндагони муассисаҳои давлатӣ, магистрантон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд, аз ҷумла:
• Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
• Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
• Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Институт минбаъд низ ҳадаф дорад, ки дар доираи лоиҳа ҳамкориҳоро бо муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла тавассути баргузории семинарҳо, машваратҳо ва ташаббусҳои муштараки тадқиқотӣ бо мақсади рушди устувори илм ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ густариш диҳад.



Тоҷикӣ
Русский
English