wrapper

Навидҳои рӯз

   Санаи 29 августи соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, мудири Шуъбаи идоракунии захираҳои об, ва обсарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Пулатов Яраш Эргашевич барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ бо Унвони фахрии  «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сарфароз гадонида шуданд.

   Дар таърихи беш аз 20-солаи Институти масъалаҳои об, гидроэнегетика ва экологияи АМИТ маротибаи нахустин аст, ки кормандони институт ба чунин унвони фахрии сатҳи баланди давлатӣ мушарраф мегарданд.

Last modified on Сешанбе, 03 Сентябр 2024
Яндекс.Метрика