Ваҳдати миллӣ – пайғоми сулҳи ҷовидона ва шукуфоии тоҷикистони соҳибистиқлол
Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кӯҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад». Эмомалӣ Раҳмон
Инак, мо дар арафаи ҷашни муқаддаси 29-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар қарор дорем. Бешак, барои миллати тоҷик Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта ва бо гузашти солҳо арзиши он бештар мегардад, зеро дар айёми бурхурди тамаддунҳо, ҷаҳонишавии босуръат, ҷангу низоҳо, терроризм, фақат бо ҳамдиливу сулҳхоҳӣ, ватандориву садоқати самимӣ ба Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз, мо метавонем ваҳдати миллии хешро мустаҳкаму қавӣ гардонем ва ба наслҳои оянда онро нигоҳ дорем. Дар партави сиёсати ваҳдатоовару дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар роҳи рушду тараққиёти бонизом қарор дорад.
Ваҳдати миллӣ афроди миллатро муттаҳиду нерӯҳои зеҳниву ҷисмонии онҳоро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ намуда миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад. Воқеан ин ҳуҷҷат, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ воқеан, ҳам санаи тақдирсоз ва сулҳи ҷовидона ва оғози созандагиҳои бузург дар Тоҷикистони навин гардид.
Барои мо ифтихори бузург аст, ки сулҳи тоҷикон ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва кишварҳои ҷаҳон аз ин сабақи таърихии тоҷикон пайравӣ мекунанд.
Воқеан, ваҳдати миллӣ барои ҳар давлату миллат неъмати бебаҳо маҳсуб меёбад. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари азизамон 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи нави таърих оғоз ёфт. Дар ин рӯз миллати тоҷик ба як оини бузург - «Ваҳдати миллӣ» ноил гардиданд.
Тақдир ба мо шахсияти бузургу хирадпешаро ҳадя намуд, ки дар роҳи татбиқи ваҳдати комил ва пайванд намудани мардуми кишвар ҳастии хешро фидо карданд. Номи мубораки Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шоҳи одилу сулҳовар ҷовидона дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шуд. Аввалин муроҷиатномаи Роҳбари давлат, ки ба мардуми кишвар таъкид дошта буданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам! То даме ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам…» ба тоҷику тоҷикистонӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Аз ҳамон рӯз эътиборан тарс, ноумедӣ, маъюсӣ, нобоварӣ аз дили ҳар тоҷик гум шуд, мардум ба зиндагии оромона баргашт.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар давлат пояи устувор, кафили амният ва рушди иҷтимоӣ мебошад. Барои Тоҷикистон, ки таърихи пуршараф ва пурпечутоби худро дорад, ваҳдати миллӣ на танҳо як ҳадафи муҳими сиёсӣ, балки неъмати гаронбаҳоест, ки барои ободиву пешрафти кишвар муҳим мебошад.
Бояд қайд намоем, ки дар ҷаҳони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии арзишҳо ва паҳншавии иттилоот босуръат вусъат меёбанд, масъалаи тақвияти ватандӯстӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва ахлоқу маънавиёти ҷомеа аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Маҳз ҳамин арзишҳо метавонанд, ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва қувваи ҳифзкунандаи давлату миллат хидмат намоянд.
Ватандӯстӣ ин ҳисси эҳтиром ва садоқат ба Ватан, фарҳанг, таърих, забон ва арзишҳои миллӣ мебошад. Ин мафҳум танҳо дар муҳити дӯст доштани сарзамин маҳдуд намешавад, балки масъулияти шаҳрвандиро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки барои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар саҳм гузорад, сарвати маънавию моддии миллатро ҳифз намояд ва ба ободии Ватани хеш камари ҳиммат банданд.
Дар фарҳанги миллати тоҷик ватандӯстӣ решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Мероси бойи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии ниёгони мо - аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Абулқосим Фирдавсӣ аз Абӯалӣ ибни Сино то Саъдӣ - намунаҳои олии равшани ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳувияти миллии моро таҷассум менамоянд.
Ҳувияти миллӣ маҷмӯи арзишҳо, анъанаҳо, забон, таърих ва фарҳанги ҳар миллат мебошад, ки ин арзишҳо ҳувияти моро аз дигар халқу миллатҳо дар ҷаҳон фарқ мекунанд. Дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ эҳтимоли аз даст рафтани баъзе унсурҳои ҳувияти миллӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар ҷомеаи худшинос он аст, ки дар баробари қабул ва истифодаи дастовардҳои ҷаҳонӣ, решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худро ҳифз ва тақвият бахшад.
Таҳкими ҳувияти миллӣ, пеш аз ҳама, аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва илмӣ сарчашма мегирад. Бояд таълими таърихи воқеии халқи худ, омӯзиши забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор дошта бошанд.Ахлоқ ва одоби миллӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои тарбияи шахсият ва солимии ҷомеа ба шумор меравад. Ин арзишҳо на танҳо аз оила, балки аз тамоми муҳити иҷтимоӣ сарчашма мегиранд. Ҳурмат ба калонсолон, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, адолат, хайру эҳсон ва дигар сифатҳои ахлоқӣ на танҳо мероси гузашта, балки эҳтиёҷи замони муосир низ мебошанд.Агар дар ҷомеа сатҳи ахлоқ ва маънавиёт баланд бошад, мушкилоти иҷтимоӣ, фасод ва беадолатӣ низ кам мешаванд. Аз ин рӯ, тарғиби одобу ахлоқи миллӣ бояд аз синни хурдсолӣ оғоз ёфта, тамоми давраи ҳаёти инсонро дарбар гирад.
Яке аз омилҳои муҳимми таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа ин баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳоратҳои муосири аҳолӣ мебошад. Дар ҷаҳони имрӯз танҳо миллате муваффақ мешавад, ки ба дониш, ихтироот, инноватсия ва рушди илм таваҷҷуҳи махсус медиҳад.Дар Тоҷикистон низ солҳои охир соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Таҳкими заминаҳои илмиву омӯзишӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва ҳамзамон ҳифзи арзишҳои миллӣ метавонанд, ба рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат мусоидат намоянд.
Дар замони пуртазодди муосир нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, одобу ахлоқ ва донишомӯзӣ шарти муҳимми рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Танҳо бо иттиҳоди ин арзишҳо метавонем, ҷомеаи солим, давлатдории мустаҳкам ва ҳаёти пурсаодати мардумро таъмин намоем. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ватани ободу осоишта оинаи виҷдони ҳар як фарди миллат аст. Ваҳдати миллӣ ганҷи бебаҳоест, ки нигоҳдории он аз ҳар як сокини кишвар масъулияти воқеӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳушёрии сиёсиро талаб мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки бо таҳдиду чолишҳои нав (мисли экстремизм ва глобализатсия) рӯ ба рӯ аст, устувор нигоҳ доштани пояҳои ваҳдат ва арзишҳои миллию давлатӣ муҳимтарин омили зинда мондани миллат аст.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мо ёдовар мешавад, ки қудрати мо дар иттиҳоди мост. Ин ҷашн рамзи эҳёи нави Тоҷикистон ва роҳнамои мо ба сӯйи қуллаҳои нави тараққиёт ва шукуфоӣ дар таърихи давлатдории навин хоҳад монд. Ваҳдати мо ҷовидон ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша ободу шукуфон бошад!
Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор,
доктори илмҳои техникӣ,
директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English