wrapper

Навидҳои рӯз

 

  Санаи 9 марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи вохӯрии намояндагони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИМО,ГЭваЭ АМИТ) бо як гурӯҳ ходимони Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин (Xinjiang Institute of Ecology and Geography, Chinese Academy of Sciences, XIEG) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайатҳоро аз ҷониби ИМО,ГЭваЭ АМИТ, директори институт, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ. ва аз тарафи XIEG, директори институти мазкур, профессор Чжан Юанмин роҳбарӣ намуданд.

  Нахуст, директори ИМО,ГЭваЭ АМИТ, дотсент Амирзода О.Ҳ. меҳмононро ба институт хайрамақдам намуда, сипас дар бораи самтҳои фаъолияти илмию тадқиқотӣ, дастовардҳои ходимон, натиҷаҳои илмӣ ва нақшаҳои оянда суханронӣ намуд. Баъдан, директори XIEG, профессор Чжан Юанмин доир ба соҳаҳои фаъолияти илмӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои маърӯза намуда.

 Ҳамин тавр, ҷонибҳо оид ба самтҳои тадқиқоти илмӣ ва илмию амалӣ дар соҳаи арзёбии таназзули замин, реҷаи гидрологии дарёҳои кӯҳӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, тағйирёбии иқлим, ҳолати пиряхҳо, вазъи баҳри Арал ва таъсири он ноҳияҳои атроф ва инчунин, дастгирии ҳалли технологӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳодисаҳои номатлуби гидрометеорологӣ табодули иттилоот карданд.

 Пас аз мулоқот ҳарду ҷониб ба зарурати рушди ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникии ИМО,ГЭваЭ АМИТ ва XIEG, бахусус дар робита ба рушди минбаъдаи тадқиқоти муштарак дар Тоҷикистон, Чин ва дигар кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал (Осиёи Марказӣ) изҳори боварӣ намуданд. Дар маҷмӯъ, чунин шакли ҳамкориҳо пешниҳод карда шуданд: ташкили семинару нишастҳои илмии муштарак, ташкили таҷрибаомӯзию тадқиқоти саҳроӣ, тайёр кардани мутахассисон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмии муштарак, нашри мақолаҳои муштарак дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ.

 Ҳамин тавр, дар фарҷом байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИМО,ГЭваЭ АМИТ) бо ходимони Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

Last modified on Душанбе, 13 Март 2023
Яндекс.Метрика