Зиёрати оромгоҳи Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад
Имруз, санаи 09 июни соли 2026 аҳли олимону ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии директори институт Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммадро зиёрат намуданд.
Иштирокчиён бар сари турбати ин шахсиятҳои барҷаста гулдастаҳо гузошта, бо эҳтироми хос хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд. Ҳангоми зиёрат аз хизматҳои бузурги онҳо дар ҷодаи давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои мардум, таҳкими пояҳои давлат ва рушди ҷомеа ёдоварӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки корномаи ин фарзандони содиқи Ватан дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат хизмат хоҳад кард. Гиромидошти хотираи чунин шахсиятҳои таърихӣ дар таҳкими худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат аҳаммияти бузург дорад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи ин Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин арбоби намоёни сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуда, дар пойтахти мамлакат бо эҳтироми шоиста ба хок супурда шуд. Ин иқдоми таърихӣ ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат ва эҳтиром ба хотираи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсус дорад.
Ҳамчунин олимону ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз оромгоҳи собиқ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои техникӣ Кобулӣ Зайналобиддин Валӣ боздид намуда, хотираи неки ӯро гиромӣ доштанд.
Last modified on Якшанбе, 14 Июн 2026
Тоҷикӣ
Русский
English