Ташкилкунандагони ин семинар Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об (IWMI-CA) ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
Ҳадафи семинар таҳкими иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили механизмҳои устувори идоракунии экосистемаҳои ҷангал ва ҳавзаҳои обӣ дар шароити таҳдидҳои афзояндаи иқлим ва муҳити зист буд. Семинари мазкур бо мақсади коҳиш додани хатари сӯхтор дар ҷангалҳо, баланд бардоштани устувории ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ва муайянкунии эҳтиёҷот ба мониторинги ҷангалҳо равона шудааст.