Семинари омӯзишӣ аз рӯйи чор бахш: захираҳои об, идоракунии онҳо, шартҳои зарурӣ барои ИҲЗО (1), идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (2), ИҲЗО дар Тоҷикистон (3) ва ИҲЗО бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ: механизму воситаҳо (4) гузаронида шуд.
Консепсияи «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» соли 1992 дар Конфронси байналмилалӣ оид ба об ва муҳити зист дар шаҳри Дублин пешниҳод гардидааст. Ҳадафи асосии ИҲЗО қонеъ гардонидани эҳтиёҷот бо оби тоза дар тамоми кишварҳо барои рушди устувори онҳо мебошад. ИҲЗО ҳамчун раванде баррасӣ мешавад, ки дар ҳар як ҳолати алоҳида хусусиятҳои худро дорад.
Воситаҳои ИҲЗО равишу механизмҳое мебошанд, ки барои таъмини идоракунии устувор ва самараноки об истифода мешаванд. Онҳо доираи васеи равишҳоро аз техникӣ то идоракунӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ фаро мегиранд: 1) воситаҳои қонунгузорӣ ва танзимкунанда; 2) воситаҳои иқтисодӣ; 3) воситаҳои иттилоотӣ; 4) воситаҳои идоракунӣ; 5) воситаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва 6) воситаҳои техникӣ.
Last modified on Чоршанбе, 25 Июн 2025