КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ БА АНҶОМ РАСОНИДАШУДА:
Мавзўи 1. «Коркард ва санҷиши технологияи истеҳсол ва истифодабарии коагулянтҳо ва флокулянтҳо аз ашёи хоми маҳаллӣ баҳри тоза намудани обҳо». Мӯҳлати иҷроиш: солҳои 2002-2006. ҚД №ТД2002 Р1196
Барои фаъол намудани хокаҳои бентонитӣ дар муҳити кислотаҳои минералӣ ва барқарор намудани параметрҳои оптималӣ як қатор таҳқиқотҳо гузаронида шуд.
Гилҳои бентонитии фаъолгардонидашуда, ҳангоми фаъолкунонӣ бо усулҳои гуногун (С: М, коркарди ҳарорат, андозаҳои ҷузъӣ ва ғ.) дар муҳити обӣ, ки хосиятҳои гуногунро доро мебошанд, протсесси коагулятсия санҷида шуд.
Баҳри муайян намудани кобилияти ҷабандагӣ ва имконияти истифодаи онҳо дар тозакунии обҳо ба сифати фильтрҳо гилҳои бентонитии ду кон интихоб карда шуданд. Муайян карда шуд, ки гилҳои бентанитии кони «Шаршар» қобилияти хуби ҷабандагӣ доранд, вале давомнокии сершавии онҳо хеле кўтоҳ мебошад. Аниқ карда шуд, ки чунин рафтори гилҳо, пеш аз ҳама аз дараҷаи пуршавии ковокҳои хурд ва калони структураи гилҳо бо ғашҳои гуногуни таҳшиниҳои карбонатҳои металлҳо вобаста мебошанд.
Бо мақсади тафтиши чунин фарзия тадқиқотҳои таҳлили рентгенӣ (ТТР) ва спектралии гилҳои бентонитӣ гузаронида шуд. Дар қатори ин барои муайян намудани роли сатҳҳои фаъоли хокаҳои гилҳои бентонитӣ бо истифодаи аз бензол сатҳи хоси он муайян карда шуданд. Барои фаъолкунонии гилҳои бентонитӣ онҳо бо кислотаҳои минералӣ ва бо усули термикӣ коркард карда шуданд. Таҳлили физикӣ-химиявии тағирёбии амиқи хосиятҳои гилҳои бентонитиро ҳангоми коркард нишон доданд. Обҳое, ки аз гилҳои бентонитии фаъолкардашуда гузаронида шуданд, аз рўи таркиби химиявиашон ба ченакҳое, ки барои обҳои нўшокӣ муқарар карда шудааст ҷавобгў мебошанд.
Дар рафти кори илмӣ-тадқиқотӣ ҷамъи корҳо вобаста ба муқарар кардани дараҷаи таъсири обхои ифлоси корхонаҳои саноати ба ҳолати табии оби дарьёҳо иҷро гардид.
Мавзўи 2. «Тадқиқоти проблемаҳои экологии коркарди партовҳои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо мақсади омода сохтани нақшаҳои технологии сермаҳсул». Мўҳлати иҷроиш: солҳои 2002-2006. (ГР№ТД2002Р1195).
Бо мақсади таҳлил намудан ҳисобҳои термодинамикии тарзи гудозиш барои гирифтани консентрати криолиту гилхок (глинозем) аз маъданҳои алюминию фтордор ва партовҳои истеҳсолоти алюминий гузаронида шуд.
Ба сифати ашёи хом таҳшини яхмонанд, ки ҳангоми буғдиҳӣ ва хунук намудани маҳлулҳои партоваҳои Заводи Алюминии Тоҷик ба вуҷуд омадаанд, ки дар таркиби худ зиёда аз 97% намаки дучандаи 3Nа2 SО4 ´ NaF-ро доро мебошанд; аргиллити кони Зиддӣ; флюорити Комбинати маъдантозакунии Такоб; хокаи ангишти сўзондашудаи истеҳсоли Заводи Алюминии Тоҷик истифода бурда шуданд.
Таҳлили гузаронидашудаи ҳисоботи термодинамикӣ нишон дод, ки ҳангоми сўзонидани шихта реаксияи химиявии ҳосил намудани концентрати криолиту гилхок (глинозем) аз ашёи хоми минералӣ ва партовҳои истеҳсолоти алюминӣ бо усули гудозиш дар ҳарорати 6000С (873 К) ва муддати давомнокӣ (аз 15 то 60 дақ.) ба амал меояд.
Процесси кинетикии гудозиш дар шароити изотермӣ дар хумдони муфелӣ (муфельный печь) омўхта шуд. Намунаҳо дар ҳарорати дода шуда ва муддати муайяни вақт нигоҳ дошта аз рўи методикаи стандартӣ бо маҳлули ишқор ишқоронида шуд.
Натиҷаҳои тадқиқот механизми протсесси гудозишро тавсиф медиҳанд ва имконияти гирифтани концентрати криолиту гилхокро (глинозем) аз ашёи хоми минералӣ ва партовҳои истеҳсолоти алюминиро нишон медиҳанд.
Барои комёбшавӣ ба мақсади гузошташуда намунаҳои кони бентонитии Шаршар бо кислотаи сулфат коркард шуданд.
Ҳамин тариқ маълум гардид ки барои гирифтани компонентҳо роли асосиро концентрация ва миқдори кислота (дозировка) мебозанд.
Мавзӯи 3. «Таҳлили ҳолати татбиқи муносибатҳои бозорӣ дар бахши хоҷагии об». Мўҳлати иҷроиш: солҳои 2005-2009. ҚД №0105ТД177.
Дар рафти кори илмӣ-тадқиқотӣ муносибатҳои байни давлатҳо дар соҳаи истифодаи муштараки истифодаи захираҳои обию-энергетикии дарёҳои сарҳадгузар омўхта шуд. Ҳамаи пешниҳодҳои то имрўз мавҷуда оиди механизми иқтисодии муносибатҳои тарафайни байни давлатҳо, ҳангоми истифодаи муштараки заҳираҳои дарёҳои сарҳадгузар бо мақсади обёрикунӣ ва гидроэнергетика, ба ҳар ҳол имрўз, барои амалан истифода бурдан корношояманд.
Барои Қирғизистон НОБ-и Токтогул фақат чун истеҳсолкунандаи қувваи барқ аҳамият дорад. Бинобар ин критерияи тарҳрезии кори гидрогиреҳи Токтогул фақат баланд бардоштани (максимумкунонии) коркарди қувваи барқ аст.
Аз кори гидрогиреҳи Андиҷон, ки ба Ҷумҳурии Узбекистон таалуқ дорад, аён аст, ки реҷаи миллӣ барои он, реҷаи обёрӣ мебошад. Реҷаи коркарди қуваи барқ дар ин ҳол ягон аҳамияте надорад, чунки 80%-и системаи энергетикаи Узбекистон аз истгоҳҳои гармидиҳӣ иборат буда, онҳо бе душворӣ таъғйирёбии дилхоҳи фаслии якчанд НОБ-ро танзим менамоянд.
Дар хотима кори гидрогиреҳи Қайроқум таҳлил карда шуд. Барои он, критерияе, ки ба таваҷҷўҳи миллии Тоҷикистон мувофиқ аст, максимумкунонии коркарди қувваи барқ мебошад. Вале бо фарқ аз НОБ-и Токтогул метавонад фақат обдави фаслиро танзим намояд. Дар ин ҳангом коркарди қувваи барқи НОБ-и Қайроқум ҳамагӣ 4-5%-и коркарди умумии системаи энергетикии тоҷикро ташкил медиҳад ва Токтогул бошад дар вақти тобистон қувваи барқи изофавиро дорост, ки зиёда аз 2 маротиба аз тамоми коркади солонаи НОБ-и Қайроқум зиёд аст.
Дар натиҷа хулоса карда шуд, ки мувофиқи схемаи пешниҳодшуда танзими оби Сирдарё бо се гидрогиреҳ барои таваҷҷўҳи ҳам ирригатсия ва ҳам гидроэнергетика, ягон аз иштирокчиён зарар намебинад. Ўзбекистон ва Қазоқистон дар ҳаҷми пурра ва реҷаи ба онҳо зарурӣ оби обёриро, Қирғизистон ва Тоҷикистон – қувваи барқро дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин бо реҷаи барои ҷумҳуриҳо оптималӣ мегиранд.
Дар рафти кори илмӣ-тадқиқотӣ якчанд пешниҳодҳо ва схемаҳои истифодабарии самараноки об аз тарафи Тоҷикистону давлатҳои ҳамсоя коркард шуд.
Мавзъӯи 4 «Баҳои ҳолати муосир ва таъсири тағирёбии иқлим ба яхбандӣ дар Тоҷикистон». Мўҳлати иҷроиш: солҳои 2005-2009. ҚД №0105ТД178
Мувофиқи нақшаи календарии кори илмии мазкур, таҳлили ҳамкориҳои тағйирёбии иқлим ва яхбандии кўҳӣ гузаронида шуд.
Таҳлили маълумотҳои 16 стансияи аз минтақаҳои гуногун нишон доданд, ки дар даври мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ, дар Тоҷикистон (аз соли 1924 то соли 1990) ҳарорати миёнаи солона дар водиҳои Тоҷикистони ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 1,9○С ва 0,73○С дар баландкўҳҳо нисбат ба ҳисоби миёнаи бисёрсола зиёд гардидааст. Лаппиши миёнасолаи ҳароратӣ хусусияти даврӣ доштаанд. Аз с.1990 то 2005 се қуллаи максималӣ ва ду қуллаи минималии қиматҳои ҳарорат муайян карда шуд.
Хароҷоти миёнаи солонаи об ба ҳисоби миёна дар тамоми дарёҳо ҳисоб карда шуд. Тағирёбии дарозии пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ҳисоб карда шуда, камшавию зиёдшавии онҳо аниқ карда шудаанд. Дар Помири Ғарбӣ ҳам зиёдшавӣ ва ҳам камшавии баъзе пиряхҳо ба мушоҳида мерасанд. Тағирёбии масоҳат ё пастгардии пиряхҳо дар Помири Шарқӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Мавзўи 5. «Таҳияи тадбирҳои амалӣ ва тавсияҳо оид ба самаранокии истифодабарии маҷмўъии захираҳои обӣ-нерўии обҳои фаромарзии Тоҷикистон дар шароити номуайянии вуҷуддошта ва тағйироти глобалии иқлим». Мўҳлати иҷроиш - солҳои 2007-2011. ҚД № 0107ТД676.
Дар соли 2011 ҳама таҳлилҳои пешниҳоднамудаи мутахассисони Осиёи Марказӣ ва мушовирони хориҷӣ оид ба вариантҳои гуногуни мўътадилгардонии ҷараёни оби дарёҳои фаромарзии барои истифодаи маҷмўии онҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика ва ирригатсия ба охир расонида шуд. Бартарӣ ва норасоиҳои онҳо, инчунин истифодаи онҳо вобаста ба шароити минтақавии кишвар ошкор карда шуд. Дар натиҷаи таҳлили муқоисавӣ маълум карда шуд, ки дар шароити имрўзаи Осиёи Марказӣ яке аз шартҳои оптималӣ, ин тарҳи (схемаи) муносибати байниҳамдигарии кишварҳои ташаккулдиҳандаи ҷараёни об, ки мақсади онҳо рушди гидроэнергетика аст ва кишварҳои поёноб, ки барои истифодаи ирригатсионӣ он манфиатдоранд, ба шумор меравад.
Аз рўи ин тарҳ, кишварҳои болооб ба кишварҳои поёноб хизматрасониро ҷиҳати танзими ҷараёни об ба шакли гузариш, аз реҷаи энергетикии миллӣ ба реҷаи ирригатсионӣ, мерасонанд. Ба ивази ин кишварҳои поёноб аввалин шуда талафоти нерўи барқро дар фасли сармо ҷуброн менамоянд. Дар шароитҳои воқеӣ ин ҷуброн метавонад мубодилаи мавсимии (тобистон - зимистон) нерўи барқро байни кишварҳои болооб ва поёноб ифода намояд. Яъне, аз рўи ин тарҳ имконияти пурраи қонеъ намудани талаботҳои гидроэнергетикии кишварҳои болооб ва ирригатсионии кишварҳои поёноб, бе расонидани зиён ба ин соҳаҳо, мавҷуд аст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар доираи тарҳи пешниходгардидаи танзими силсилавии ҷараёни оби дарёи Вахш бо гидрогиреҳҳои НБО–и фаъолияткунандаи Норак ва НБО-и сохташудаистодаи Роғун, нишон дод, ки анҷомёбии сохтмони НБО-и Роғун ки самаранокии рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистонро таъмин намуда, ҳамзамон на фақат тарҳи мавҷудбудаи обдиҳиро барои ирригатсия нигоҳ дорад, балки, ҳатто дар мавсими беобӣ, беҳтар намояд.
Мавзўи 6. «Тадқиқоти таркиби химиявии обҳои равон ва табии ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи усулҳои муосири тозакунии об». Мўҳлати иҷроиш - солҳои 2007-2011. ҚД №0107ТД677.
Бо сабаби бад шудани вазъи экологӣ ва радиологӣ, дарёфти восита ва усулҳои безараргардонии моддаҳои заҳрнок ва радиоактивии таркиби обҳои табиӣ, маҳсулоти хўрока ва организмҳои зинда, куллан, ба яке аз масъалаҳои актуалӣ мубаддал гардидааст.
Хосиятҳои сорбсионии силитсийи табиӣ ҳанўз ба таври нокифоя омўхта шудаанд. Дар рафти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба ҷустуҷўи имкониятҳои истифодабарии минералҳои табиии Тоҷикистон ба ҷои силитсий амалӣ шуданд.
Бо усулҳои рентгеноструктурӣ ва электронӣ-микроскопӣ, инчунин аз рўи тадқиқотҳои хосиятҳои адсорбсионӣ имконият ва истифодабарии диатомит барои бартарафкунии заҳролудкунандагони гуногуни таркиби об муайян карда шуд. Як қатор тадқиқотҳои маҷмўъӣ оид ба тоза кардани диатомит аз ҳар гуна ҳамроҳшавиҳо бо роҳи майдакунӣ ва коркарди минбаъдаи механикӣ, бартараф намудани карбон ва сульфур аз таркиби силитсий бо роҳи оксидкунии ҳароратӣ дар ҳарорати 300-4000С, тадқиқотҳои рентегенофазавӣ электронӣ-микроскопӣ оид ба муайян кардани андозаи микроковокиҳо гузаронида шуданд.
Иҷроиши мавзўъҳо дар ҳамоҳангсозии зич бо сохторҳои давлатӣ оид ба назорати сифати обҳои нўшокӣ ва Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа имконияти амиқи ба таври васеъ истифодабарии минерали диатомит дар сикли технологии тозакунии об аз элементҳои заҳрнок ва радиоактивӣ муқаррар карда шуд.
Мавзўи 7. «Коркарди усулҳои муайянсозии самаранокии иншоотҳои гидротехникӣ». Мўҳлати иҷроиш – солҳои 2010-2014. ҚД №0102ТД832.
Барои ҳалли масоили асосии мавзўи мазкур, пеш аз ҳама, критерияҳои асосӣ ва мувофиқ ба онҳо индикаторҳои самаранокии гидроэнергетика ва барои имконияти таҳлили муқоисавӣ, ҳамчунин критерия ва индикаторҳои самаранок барои ирригатсия ва экология муайян карда шуд.
Бо мақсади дурнамои рушди саноати энергетикии ҷумҳурӣ, самаранокии муқоисавии ҳамаи дарёҳои калонтарин ва қисматҳои алоҳидаи онҳо ҳисоб карда шуд ва он имкон медиҳад, ки объектҳои аввалиндараҷаи рушди нави сохтмонҳои гидроэнергетикӣ муайян карда шавад.
Барои имконияти асоснок гардонии самаранокии бештари стратегияи рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва минтақаҳо вобастагии асосии математикӣ ба даст оварда шуд ва дар асоси коркарди модели математики оптимизатсионӣ-имитатсионии рушди гидроэнергетикӣ ва санҷиши (тестикунонии) он гузаронида шуд.
Нишондоди умумии иқтисодии рушди мавҷудаи системаи гидроэнергетикӣ дар мисоли Тоҷикистон ба даст оварда, асоснок карда шуд.
Вобаста аз натиҷаи ба даст омада, моделкунонии калонтарин гидрогиреҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва минтақаи баҳри Арал бо мақсади беҳдошти таъмини таваҷҷўҳ ба гидроэнергетикаи ҷумҳурӣ ва ирригатсияи мамолики поёноб, инчунин ҳисобу моделкунонии босамари сохтмонҳои нави гидрогиреҳҳои калони таъминоти маҷмўӣ вобаста ба НБО-и Роғун дар дарёи Вахш ба иҷро расид.
Натиҷаи муҳим: Дар заминаи нишондодҳои ба даст овардаи самаранокии иқтисодии НБО-ҳои таъиноти маҷмўӣ, бо истифодаи коркарди моделҳои математикии имитатсионӣ-оптимизатсионӣ дурнамои оптималӣ, чӣ барои энергетика ва чӣ барои зироаткории обёришаванда, намунаи кори сохтмони НБО-и Роғун ва силсиланерўгоҳҳо бо НБО-и амалкунандаи Норак барои се намунаи обшораи дарёи Вахш – ҳадди минималӣ, миёна ва ҳадди максималӣ омўхта шуд. Моделкуннонӣ нишон дод, ки барои ҳамаи ин ҳолатҳо талаботи ирригатсионии мамолики поёнобро ба дараҷаи ҳозираи амалӣ таъмин мегардад. Дар ин ҳол имконияти таъмини талаботи устувори нерўқонеъгардонии талаботи ҳар соли мушаххас, ҳамчунин барои баробарсозии сатҳи бисёрсолаи солонаи истеҳсоли нерўи барқ дар миқёси Тоҷикистон фақат як НБО-и Роғун басанда нест - зарур аст, ки минбаъд боз чандин дигар НБО-ҳои калон сохта шаванд.
Мавзўи 8. «Истифодаи маҷмаавии захираҳои обии дарёҳои фаромарзии ҳавзаи баҳри Арал ба манфиати гидроэнергетика ва ирригатсия». Мўҳлати иҷроиш - солҳои 2013-2017. ҚД 0113TJ295.
Шартҳои оптимизатсияи низоми кори НБО-и Норак дар шароитҳои гуногун ва мақсаду масоили мухталиф муайян гардиданд. Маҳдудиятҳои вобаста ба манфиати миллии энергетикӣ ва имконияти ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои ирригатсионии мамолики поёноб, муайян карда шуданд, инчунин ҳолатҳо ва мавқеъи умумии модел сохторбандӣ карда шуд.
Таҳлили кори ҳақиқии НБО-и Норак дар тўли давраи истифодаи он ба иҷро расид ва бо хулосаҳои илмӣ тасдиқ карда шуд:
- ҳамаи вобастагиҳо ва алоқаҳое, ки кори ҳақиқии НБО-и Норакро муайян менамоянду дар асосашон модели оптимизатсионӣ коркард шудааст, саҳеҳ гардонида шуд;
- ҳисобҳои тестии идораи низоми кори НБО-и Норак ва таҳлили қиёсии он гузаронида шуд.
Ҷамъоварии маълумотҳои бунёдӣ барои коркарди модели комплексии оптимизатсияи низоми кори муштараки силсилаи НБО-и Норак ва НБО-и Роғун, ба иҷро расид. Модели кори НБО-и Роғун ва ҳамзамон модели кори муштараки НБО-ҳои Норак ва Роғун коркард шуданд.
Натиҷаҳои муҳим: 1. Таҳлили натиҷаҳои тестиронии модели маҷмаавии танзими ҷараёни об бо васлаи силсилаи ду обанборҳо– фаъолияткунандаи Норак ва сохташудаистодаи Роғун, имконияти амалан пурраи мувозинанамоии ҷараёни солона ва мувофиқатан истеҳсоли электроэнергияро барои обнокии солонаи дилхоҳ, нишон дод.
- Оптимизатсияи кори муштараки ду НБО – Норак ва Роғун инчунин таъмини талаботҳои ирригатсиониро ба об имконпазир намуда, исбот менамояд, ки танзими бисёрсолаи ҷараёни дарёи Вахш ба манфиати гидроэнергетика боз сохтмони обанборҳои иловагиро тақозо менамояд. Дар ин ҷода эффекти синергетикии кори муштараки ду обанбор, чӣ нисбати энергетика ва чӣ нисбати иррригатсия, муайян карда шуд.
- Вобаста ба танзими бисёрсолаи оптималии ҷараёни дарёи Вахш ба манфиати гидроэнергетика (барои мамолики болооб – ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон) ва ирригатсия (барои мамолики поёноб –ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қазоқистон ва инчунин Туркманистон), усулҳои муътадилсозии кори нерўгоҳҳои барқӣ бо назардошти тағйирёбии маҷрои дарёҳо, такмил дода шуда, муайян гардид, ки тағйирёбии маҷрои дарёи Вахш, дар умумият, ба тағйирёбии параметрҳои асосии гидрологии он таъсири назаррас надорад.
Таҳлили натиҷаҳои тестиронии модели маҷмаавии танзими ҷараёни об бо васлаи силсилаи ду обанборҳо – фаъолияткунандаи Норак ва сохташудаистодаи Роғун, имконияти амалан пурраи мувозинанамоии ҷараёни солона ва мувофиқатан истеҳсоли электроэнергияро барои обнокии солонаи дилхоҳ, нишон дод. Дар ин ҷода эффекти синергетикии кори муштараки ду обанбор, чӣ нисбати энергетика ва чӣ нисбати иррригатсия, муайян карда шуд.
Мавзўи 9. «Коркарди усулҳои танзими оптималии реҷаи дарё бо ёрии обанбор ва беҳдошти обии ландшафтҳо». Мўҳлати иҷроиш: солҳои 2013-2017. ҚД №0113TJ296.
Кўҳҳои аз лиҳози географӣ мутаносибан ҷавони Тоҷикистон ва маҷмўи шароитҳои мухталифи иқлимӣ баёнгари фоизи баланди таъсири офатҳои табиӣ (селҳо, обхезиҳо, заминҷунбӣ ва ярчҳо) ба муҳити табиӣ ва иҷтимоии атроф мебошанд.
Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муайян гашт, ки дар ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо гузашта, имконоти ҳақиқии хеле зиёди сохтмони мунтазами обанборҳои хурд дар дараҳои кўҳӣ, ки барои объёрии локалии заминҳои кўҳӣ муаззафанд, пайдо гаштааст. Дар ин ҳангом раванди эррозияи хок боздошт гашта ва косташавии зиёди ҳолати селпайдошавӣ ба назар мерасад.
Характеристикаҳои асосии обанборҳои зиёди Тоҷикистон, ки бо мақсади обёрӣ ва идораи обхезӣ сохта шудаанд, пешниҳод гашт.
Хусусияти обёрии обанборҳо, бо назардошти ҳаҷми об, ҳисоб карда шуд. Аз ҳисобҳо бармеояд, ки барои кишти ҳаҷман калони зироатҳои хоҷагии қишлоқ обанборҳои Қайроқум, Норак, Роғуни сохташудаистода, ва қисман Бойғозӣ асос шуда метавонанд. Бо назардошти он, ки ҳамаи онҳо электроэнергия интиқол менамоянд, фоиданокии онҳо барои соҳаи хоҷагии қишлоқ ночиз мемонад.
Оиди оптимизатсияи идораи захираҳои обӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии обёрие, ки рушди устувори соҳаи хоҷагии обро таъмин менамояд, таҳқиқот гузаронида шуд.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба характеристикаҳои гидрологии ҳавзаҳои дарёгии, ки асоси пиряхӣ-барфӣ доранд, гузаронида шуда, хулосаҳои муҳим пешнниҳод шудааст.
Натиҷаи муҳим: Модели системаи оптимизатсионии идораи захираҳои обӣ дар асоси такмили танзими ҷараёни об ва беҳдошти обии ландшафтӣ коркард шуд. Асосҳои консептуалии идораи устувори захираҳои обии минтақаи ташаккулёбии оби ҶТ мавриди ифода қарор гирифт. Асосҳои идоравӣ-методологии танзими ҷараёни об ва беҳдошти обии ландшафтӣ ҷиҳати таъмини бехатарии гидроэкологии захираҳои обӣ, асоснок карда шуданд. Ба минтақаҳои вертикалӣ ҷудокунии минтақаҳо гузаронида шуда, методикаи ҳисоби мувозинати обӣ пешниҳод гаштааст.
Мавзўи 10. «Баҳои ҳолати обҳои зеризаминии шаҳри Душанбе бо истифода аз усулҳои гидрологияи изотопӣ». Мўҳлати иҷроиш - солҳои 2015-2019. ҚД №0115TJ00480.
Барои арзёбӣ ҷиҳати пайдоиш, ташаккул, ҳаракат ва тақсимоти обҳои зеризаминӣ, муддати нигаҳдории онҳо дар қабатҳои обгузарон дар ҳудуди тадқиқотӣ, нишондиҳандаҳои изотопҳои мунтазам ва параметрҳои физикӣ-химиявии онҳо истифода шуданд.
Натиҷаҳои таҳлили изотопҳои мунтазами минтақаҳои гуногун дар ҳар фасл ва моҳҳои сол омўхта шуда нишон доданд, ки дар дарёҳо ва чоҳҳо на танҳо обҳои сабук аз боришоти нав, балки обҳои нисбатан кўҳнаи қабатҳои чуқури обгузарон арзи вуҷуд доранд. Аз рўи натиҷаи таҳлили изотопӣ дар давраҳои баҳорӣ ва зимистон ҳамаи намунаҳо ҷиҳати сохтори изотопӣ якхела буда, аз ҷиҳати изотопҳои вазнин камтаркибанд. Ин ба хунукшавӣ ва зиёдшавии миқдори зиёди боришот вобаста аст.
Намунаҳои об аз чоҳҳои ҷамоати Тезгари поён, Чоряккорон ва ИОҶҒ (ЮЗНС) нисбати дигарон бо изотопҳои вазнин бой гардидаанд. Натиҷаи таҳлили изотопҳои мунтазам нишон дод, ки дар ин чоҳҳо аллакай миқдори ками буғи об зам шудааст, ки дар вақти тўлонӣ бо ҷаббиши об ба воситаи ҷинсҳои кўҳии обгузарон ва инфилтратсияи обҳои сатҳӣ ва боришот, мегузарад. Дар чоҳҳои дигар изотопҳои сабуки мунтазам муайян гардиданд. Ин бо он асоснок карда мешавад, ки чоҳҳои ҷамоатҳои Зарнисор, Ҷангалобод (қасмати чапи соҳили дарёи Кофарниҳон) ва чоҳҳои ИНК (КНС) (қисмати рости соҳили дарёи Кофарниҳон) аз дарёи Кофарниҳон дар масофаи дур ҷойгиранд.
Натиҷаҳои муҳим: Сифати пайдоиш, ташаккул, ҳаракат ва тақсимшавии обҳои зеризаминӣ, вақти манъ шудани он дар қабатҳои обгузарон дар минтақаи таҳқиқотӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои изотопҳои мунтазам арзёбӣ гашт. Натиҷаҳои таҳлили изотопӣ дар давраҳои боҳорӣ ва тирамоҳӣ тадриҷан намуди якхела доштани намунаҳоро ҷиҳати сохтори изотопӣ ва коҳишёбандаи изотопҳои вазнинро тақозо намуданд.
Интерполятсия аз рўи методи полиномҳои локалӣ бо истифода аз СИГ, ки ҳар кадоми он бо ҳудуди муайяни иҳоташаванда ҷудогона гирифта мешавад, гузаронида шуд.
Моделкунонии математикии динамикаи мувозинати обии обҳои зеризаминӣ барои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи ҳавзаи дарёи Кофарниҳон бо истифрода аз маълумоти изотопӣ, баррасӣ гардид.
Мавзўи 11. «Динамикаи тавозуни обии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон». Мўҳлати иҷро: солҳои 2015-2019. ҚД 0115TJ00481.
Дар асоси маҳзани қаблан тартибдодашудаи иттилоот, моделикунонии мазрааи ҳарорат ва боришот барои ду давраи иқлимӣ дар ArcGIS ба тасвиб расид. Ба ғайр аз ин мазрааи буғшавӣ барои давраи якуми иқлимӣ ҳисоб карда шуд. Моделкунӣ барои ҳар моҳ ва миёнасолӣ гузаронида шуд. ҳамин тариқ 65 мазрааи элементҳои метеорологии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон бо фосилаи ҷоизии 0,8 км ба даст оварда шуд. Дар асоси мазрааҳои бадастомадаи элементҳои метеорологӣ, тарғйирёбии ҳарорат ва боришот барои моҳҳои алоҳида ва дар умум барои сол ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҳавза ва давраи дуюми иқлимӣ арзёбӣ гашт. Ҳаҷми боришот дар давраҳои якум ва дуюми иқлимӣ мавриди ҳисоб қарор гирифт.
Тағйирёбии ташкилдиҳандаҳои иқлимии мувозинати обӣ барои давраи тадқиқотӣ, ҳисоб карда шуда, дар асоси ин ҳисобҳо харитаҳои моҳонаи фарқи ҳарорат ва боришотро дар давраҳое, ки тағйиротро дар ҳудудҳои ландшафтии таҳқиқот тақозо менамояд, ба тасвиб расиданд.
Дар асоси базаи маълумотҳои коркардшудаи қаблӣ ва моделкунонӣ тавозуни обии дарёи Кофарниҳон таҳлил карда шуда, муайян карда шуд, ки маҷрои зиёди дарё дар минтақаи куҳии ҳавзаи дарё, ки дар хамиҳои қаторкуҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, ба назар мерасад ва ин аз зиёдшавии боришот ва кўҳӣ будани минтақа вобаста мебошад. Дар қисмати водии ҳавза баландшавии маҷро хело кам аст. Тадқиқот ва таҳлили маводҳо ҷиҳати ҷамъбаст намудани ҳисоботи ниҳоӣ идома доранд.
Таҳлили моделсозӣ дар майдонҳои ҳароратӣ ва боришоти ArcGIS барои ду давраи иқлимӣ, барои давраи иқлимии якум майдони буғшавӣ, арзёбии тағйирёбии ҳарорат ва боришот барои моҳҳои алоҳида ва умуман барои сол ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҳавза ва минтақаҳои алоҳидаи он, ҳаҷми боришот дар давраҳои якум ва дуюми иқлимӣ, арзёбии тағйирёбии мувозинати обии дарёи Кофарниҳон, ҳисоб карда шудааст.
Натиҷаҳои муҳим.
Дар асоси базаи коркардшудаи маълумот ва моделкунонӣ, тағйирёбии мувозинати обии дарёи Кофарниҳон арзёбӣ ёфт. Афзуншавии андаки ҷараёни об дар қисмати кўҳии ҳавзаи дарё, ки дар нишебиҳои қаторкўҳи Ҳисор муайян карда шуд, ки эҳтимолан бо афзуншавии боришот дар кўҳҳо вобаста аст. Дар қисмати водии ҳавза тағйирёбии ҷараёни об ночиз аст. Амалисозии ин метод метавонад, ки корҳоро оид ба ҳисоб намудани мувозинати обии дарёҳои кўҳӣ оптималӣ гардонад ва фаҳмиши таъсири тағйирёбии иқлимро ба реҷаи гидрологӣ, беҳтар гардонад.
КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ИДОМА ДОШТА
Мавзӯи 12. «Оптималкунонии алоқамандии байни об, озуқаворӣ, энергия ва экология дар шароити тағйирёбии иқлими ҳавзаи дарёи Зарафшон”. Мӯҳлати иҷроиш - солҳои 2018-2022. ҚД 0118TJ00865.
Барои таҳлил ва арзёбии ҳолати ҷории идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ дар заминаи бахшҳои иқтисодиёти ҳавзаи дарёи Заравшон таҳқиқот гузаронида шуда истодааст. Таҳлили асосҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, иқтисодӣ ва экологии идоракунии захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва минтақавии иерархия гузаронида шудааст. Соҳаҳои асосӣ ва ғайримустақими иқтисодиёт ва ташкилотҳои вобаста ба идоракунии захираҳои табиӣ муайян карда шудаанд. Корҳо дар самти муайян кардани ҳадаф дар дурнамои кӯтоҳмуддат, миёнамӯҳлат ва дарозмуддат дар доираи тағйирёбии иқлим идома доранд.
Талабот ба истифодабарии об дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва дар Масчоҳи Кӯҳӣ таҳлил карда шуда истодаанд. Кор оид ба сохтани харита ва диаграмма бо хусусиятҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон оғоз ёфт.
Нишондиҳандаҳое, ки сифати оби дарёи Зарафшонро тавсиф медиҳанд дар се ноҳия (қитъа) мутобиқ ба методологияи интихоб намуда, муайян карда мешаванд.
Кор оид ба ташаккули маҳзани умумии маълумот дар бораи гидрология, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва иқлимшиносӣ барои ҳавзаи дарёи Зарафшон идома дорад. Нишондиҳандаҳое, ки сифати оби дарёи Зарафшонро дар се ноҳия (қитъаҳо), дар асоси риояи методологияи гирифтани намуна муайян карда мешаванд.
Маълумотҳои асосӣ оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷамъбаст карда шуданд. Арзёбии иқтидори гидроэнергетикӣ бо назардошти татбиқи лоиҳаҳои обӣ-энергетикӣ дар ҳавзаи Зарафшон дода шуд.
Баъзе тавсияҳо оид ба дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ дар асоси такмили системаи обёрӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии каммасрафи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ таҳия карда шуданд.
Арзёбии муҳити ҳавза дода шуда, маълумотҳо оид ба ҳолати экологӣ ҷамъоварӣ карда шуданд ва натиҷаҳои таҳқиқоти лабораторӣ оид ба сифати захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба даст оварда шуданд.
Барои моделсозӣ ва оптимизатсияи муносибати "об-энергетика-ғизо-экология" дар сенарияҳои гуногуни тағирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Зарафшон раванди таҳияи маълумотҳо идома доранд, маълумотҳои гидрологӣ ва метеорологии тавсифкунандаи ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷамъ оварда шуд.
Истифодаи об дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Мастчоҳи Куҳӣ таҳлил карда шуда, иерархияи уфуқӣ ва намудӣ, инчунин ҷанбаҳои байнисоҳавии идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Зарафшон муайян карда шуданд.
Нишондиҳандаҳое, ки сифати оби дарёи Зарафшонро дар се ноҳия (қитъа) тавсиф мекунанд, дар асоси меъёри намунаҳои интихоб муайян карда шуданд. Корҳо оид ба ҷамъоварии маълумотхои умумӣ оид ба гидрология, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва иқлимшиносӣ барои ҳавзаи дарёи Зарафшон идома доранд.
Таҷрибаҳои саҳроӣ оид ба технологияҳои каммасрафи обёрии зироатҳои кишоварзӣ гузошта шуданд. Параметрҳои технологияи обёрии ҷӯякҳо хангоми парвариши картошка ва гандум, вобаста аз дараҷаи гуногуни бо об таъмин будани зироатҳо муайян карда шуданд. Маълумотҳои асосӣ оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷамъбаст карда шуданд. Арзёбии муҳити ҳавза дода шуда, маълумотҳо оид ба ҳолати экологӣ ҷамъоварӣ карда шуданд ва натиҷаҳои таҳқиқоти лабораторӣ оид ба сифати захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба даст оварда шуданд. Барои моделсозӣ ва оптимизатсияи муносибати "об-энергетика-ғизо-экология" дар сенарияҳои гуногуни тағирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Зарафшон раванди таҳияи маълумотҳо идома дошта, маълумотҳои гидрологӣ ва метеорологии тавсифкунандаи ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷамъ оварда шуд.
13. «Масоили ташаккулёбӣ ва танзими обовардҳои сахт дар объектҳои обии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он» Мӯҳлати иҷроиш - солҳои 2020-2024. ҚД 0120TJ01029
Таҳлили ҳолати обанборҳои минтақаи наздикӯҳистон ва кӯҳистонии Тоҷикистон гузаронида шуда, масъалаҳои потенсиали захираҳои обӣ ва обтаъминкунӣ, орографии ҳавзаҳои дарёҳои ҷудогона нишон дода шуданд, шароити рушди иқлимӣ ва дигар равандҳои минтақаи наздикӯҳистонӣ ва кӯҳистонии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Равандҳоеро, ки дар обанборҳо ба амал меоянд, таҳлил карда шуданд.
Таҳлили мушаххаси шароити табиӣ, инчунин омилҳое, ки ба раванди ташаккули ҷараёни сахт аз ҷониби дарёҳои минтақаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, тадқиқоти илмӣ бо назардошти он, ки ҷараёни сахт дар маҷмӯъ вазифаи зеринро ба назар гирифта, омилҳои метрологӣ ва хоку геологӣ, релефи маҳал, қабати растанӣ, таъсири антропогенӣ ва таъсири резиши оби дарёчаҳо гузаронида мешавад.
Таҳлили омилҳои асосии таъсиррасон ба речаи ҷараёни сахт дар иншооти обӣ дар минтақаи кӯҳӣ-доманакӯҳи Тоҷикистон гузаронида шуда истодаанд.
Дар натиҷа мақсаднокии татбиқи маҷмӯи тадқиқоти илмӣ ва амалӣ оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шуд.
Муайян карда шудааст, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои таҳқиқоти илмӣ таҳлил ва баҳодиҳии тағирёбии антропогении омилҳои реҷаи гидрологии дарёҳо ва таъсири онҳо ба реҷаи ҷараёни ҷории обанборҳои минтақаи кӯҳӣ-доманакӯҳи Тоҷикистон мебошад.
Таҳқиқотҳо ва таҳлилҳо оиди кори илмӣ-тадқиқотии мазкур идома доранд.
14. «Стратегияи рушд ва оптималкунонии мувозинаи захираҳои энергетикӣ. Сенарияи рушди гидроангиштии энергетикии Тоҷикистон». Мӯҳлати иҷроиш - солҳои 2020-2024. ҚД 0120TJ010298
Таҳлили рушди иқтисодии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки ҳатто дар давраи душвортарин аз соли 1990 то 2000, бахши энергетикаи ҷумҳурӣ омили асосии ташаккулёбандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) он буд.
Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда пешрафтии зарурати рушди энергетика дар Тоҷикистон, ҳадди аққал 2-3 маротиба асоснок карда шуд.
Таҳлили рушди иқтисодии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки ҳатто дар давраи душвортарин аз соли 1990 то 2000, бахши энергетикаи ҷумҳурӣ омили асосии ташаккулёбандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) он буд. Вобастагии функсионалии ҳосилшудаи ММД = f (Истеҳсоли нерӯи барқ, шумораи аҳолӣ), ҳамин тавр, метавонад барои дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон истифода шавад.
Айни замон таҳқиқотҳо ва таҳлилҳо оиди кори илмӣ-тадқиқотии мазкур идома доранд.