wrapper

Навидҳои рӯз

ҚУРБОН НОМВАР БОЙНАЗАР

 Муовини директор оид ба илм ва таълим

 Санаи 4 феврали соли 1990 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллат – тоҷик. Соли 2012 факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-метеоролог (аз рўи ихтисоси «Метеорология»), бо дипломи аъло хатм намудааст.

 

Солҳои

2009-2010

Мутахассиси шуъбаи коммуникатсияи Маркази автоматикии алоқаи Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ

Солҳои

2010-2012

Омӯзгори фанҳои физика ва географияи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои

2013-2016

Аспиранти шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Точикистон

Солҳои

2016-2020

Ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аз январ то

майи соли 2021

Мудири бахши илмӣ-таҳлилӣ ва иттиллоотии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Аз 1 июни

соли 2021

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

  Дорандаи дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ (2020) ва унвони илмии дотсент (2024) мебошад.

  Дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017) ва «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2023) мебошад.

  Бо ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021, 2022), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010, 2019), Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024), Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2021, 2023, 2024), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010, 2023), Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Љумҳурии Тоҷикистон (2023, 2024), Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2022) сарфароз гардонида шудааст.

Яндекс.Метрика