Китоб ва монографияҳо
- Ҷумъа, 13 Октябр 2023
Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ
Дар маҷмӯаи гузоришҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» маводҳо дар самтҳои муҳимми зерин пешниҳод карда мешаванд усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, гидроэкология, гидрохимия ва сифати об, рушди устувор ва иқтисоди сабз, иншоотҳои гидротехникӣ ва сохтмон, дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ, аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор, масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об.
Муфассал...- Чоршанбе, 19 Октябр 2022
Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масоили об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор
Эҳдо ба 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва
экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла масоили тамоюлоти раванди тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои обӣ пайваста ҷаҳду талош менамояд.
Муфассал...- Чоршанбе, 19 Октябр 2022
Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология
Шурои олимон (илмӣ)-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, суратҷаласаи №10 ба чоп тавсия намудааст.
Зери назари
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, академик Фарҳод Раҳимӣ
- Ҷумъа, 19 Август 2022
Ташаккули таркиби захираҳои оби ҳавзаи дарёи Зарафшон: Таъсири тағйирёбии иқлим ба шароити ташаккул ва таркиби химиявии захираҳои оби ҳавзаи дарёи Зарафшон
Ҳавзаи дарёи Зарафшон яке аз ноҳияҳои аз назари иқлимӣ мураккаби на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Релефи кўҳӣ, минтақаи баланди иқлимӣ, гуногунии амиқи шароитҳои метеорологӣ сабаби пайдоиши фарқиятҳои зиёди иқлимӣ гардидааст.
Имрўз инсон ба проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим рў ба рў шудааст, ки он ба дигаргуншавии ҳолати табиии инкишофи системаҳои экологӣ таъсири назаррас расонида, сабабгори зиёдшавии шумораи ҳодисаҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлими кураи арз гардидааст. Албатта, ин дар муҳити атроф, дар натиҷаи робитаи байниҳамдигарии инсон ба табиат инъикос меёбад.
Муфассал...- 1
- 2