Китоб ва монографияҳо
- Ҷумъа, 19 Август 2022
Баланд бардоштани бехатарии иншооти гидротехникӣ. Қисми 2. Дар мисоли обанбори НБО-и Норак дар дарёи Вахш.
Монография мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва обанборҳо, дар мисоли обанбори Норак дар дарёи Вахш таълиф ёфтааст. Натиҷаҳои тадқиқоти тағйирёбии иқлим дар минтақаи ташаккули захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал, пиряхҳо ва ҳавзаи дарёи Вахш, раванди лойқашавии обанбори Норак ва идоракунии хавфи он мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Муфассал...- Душанбе, 20 Июн 2022
Луғати бисёрзабони истилоҳоти асосӣ дар соҳаи хоҷагии об
Луғат аз ҷониби як гурӯҳи коршиносон ва тарҷумонҳо зимни татбиқи лоиҳаи «Шабакаи Осиёи Марказии мубодилаи донишҳо» (CA KN) ҳамчун ҷузъи доираи Барномаи обӣ-энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ (CAWEP), шарикии бисёрҷониба байни Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария (тавассути SECO) ва Британияи Кабир (тавассути FCDO) омода карда шудааст.
Муфассал...- Панҷшанбе, 19 Май 2022
Таҳқиқ ва тафсири маълумоти маҳлулнокии обҳои зеризаминӣ дар чоҳҳои пезометрӣ аз руи ченкуниҳои ҳароратӣ ва кондуктометрӣ
Дар дастури методии мазкур хусусиятҳои техникӣ, тавсифҳо, тартиби кор, тарзи санҷиш ва коркарди натиҷаҳои ченкунии ченкунакҳои геотермӣ ва кондуктометрӣ ифода ефтаанд. Ин дастури методӣ ба мутахассисони соҳаҳои «Иншоотҳои гидротехникӣ», «Бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва «Бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқуллода» ва донишҷӯёну магистрҳое, ки фанҳои «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия», «Автоматикунонии ченкунӣ, санҷиш ва назорат» ва «Системаҳои иттилоотӣ-санҷишӣ»-ро меомӯзанд тавсия карда мешавад.
Муфассал...- Душанбе, 21 Июн 2021
Влияние изменения климата на гидрологический режим бассейна реки Пяндж
Исследование изменения температуры воздуха и атмосферных осадков является одной из актуальнейших задач современной науки в целом. Их влияние на жизнедеятельность человека и окружающую среду могут проявляться как в позитивном, так и в негативном плане. Особую актуальность в этой связи приобретает исследование закономерностей периодического изменения региональных климатических условий - температуры воздуха и количества осадков на фоне глобального потепления, поскольку длительные однонаправленные изменения этих компонентов климатических условий могут приводить к серьёзным сдвигам ландшафтных границ территорий.
Муфассал...- 1
- 2