wrapper

Навидҳои рӯз

  Мусоҳиба бо директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид

 - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба ­масъалаҳои об ва иқлим, ки сеюми марти соли ҷорӣ баргузор гардид, пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Хоҳишмандем роҷеъ ба ҳадаф ва моҳияти ин иқдом андеша баён кунед.

- Нахуст мехоҳам зикр кунам, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии глобалии иқлим, ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои обӣ, бахусус, соҳаи гидроэнергетика ва таъсири онҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ низ, чун ҳарвақта мавриди таҳлил қарор гирифт. Аз ҷумла, Сарвари давлат иброз намуданд: «Тоҷикис­тон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси «кишвари пешбар» дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст». Инак, аз ҷониби Тоҷикистон боз як иқдом пешниҳод шуд. Дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки 3 марти соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас баргузор шуд ва дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон яке аз аввалинҳо шуда, оид ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ ба ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, яъне тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ суханронӣ намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки ҳар ду масъала тайи ду даҳсолаи охир дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли онҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи дунё пешниҳодҳои наҷибро ироа намуданд, ки аз ҷониби мамолики дигари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд.

Мусаллам аст, ки сарчашмаҳои оби софу ошомиданӣ, бахусус дар шароити кӯҳсор, ба боришоти барф ва ҳолати пиряхҳо вобастагӣ дорад. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ маҳз ба захираҳои обӣ таъсир расонида, боис ба обшавии босуръати пиряхҳо мегардад.

Зимни суханронӣ дар мулоқоти зикршуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида, инчунин, пиряхҳои Тоҷикистон ибрози андеша намуда, оқибатҳои онро таҳдид ба ҳаёти садҳо миллион сокини сайёра арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад ва иброз доштанд, ки масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои обӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан роҳбарони сиёсӣ, қарор дошта бошад.

- Тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯза дигаргунӣ ворид менамояд. Ин раванд дар Тоҷикистон чӣ гуна сурат мегирад?

- Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар ҷумҳурӣ танҳо дар даҳаи якуми моҳи феврали соли ҷорӣ, захираи барф нисбат ба меъёр дар ҳавзаи дарёҳои Вахш 58 фоиз, Зарафшон — 64, Панҷ — 53, Варзоб 67 фоизро ташкил дод, ки ин, албатта, ба кам гардидани захираҳои обӣ оварда мерасонад.

Тарғйирёбии иқлим зери таъсири омилҳои табиӣ ва инсонсириштӣ (антропогенӣ) сурат мегирад. Ифлосшавии муҳити зист алҳол хосияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст, зеро барои он сарҳад вуҷуд надорад. Яке аз сабабҳои асосии ифлоскунандаи муҳити зист истифодаи сӯзишворӣ буда, ҳоло ба ҳиссаи он қариб 48 фоиз партовҳои заҳролуди атмосфера, 36 — ифлосшавии захираҳои обӣ ва 30 фоиз дигар партовҳои заҳролудкунанда рост меоянд. Дар замони муосир хатароти экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, ифлосшавии атмосфера, аз меъёр зиёд партофтани аэрозолҳо, хароб гардидани қабати озонӣ, коҳишёбии пиряхҳо, мушкилоти демографӣ, норасоии оби нӯшокӣ ва ҳоказо хусусияти глобалӣ касб кардааст. Ҳарчанд як қатор мамолики рӯ ба инкишоф, аз ҷумла, Тоҷикистон, дар ифлос кардани атмосфера ва аз меъёр зиёд партофтани газҳои гармхонаӣ саҳми зиёд надоранд, вале таъсири манфии хатарҳои глобалии экологӣ дар ҳудуди онҳо эҳсос мегардад. Бинобар ин, Тоҷикистон чун кишвари аз ҷиҳати географӣ кӯҳсор, аз нигоҳи ҷойгиршавии захироти глятсиологию гидроэнергетикӣ бой ва аз нуқтаи назари таъсири хатароти экологӣ осебпазир наметавонад аз ин мушкилот дар канор бошад.

Агар ба саҳми Тоҷикистон дар ифлоскунии атмосфера ва ихроҷи газҳои гармхонаӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, маълум мегардад, ки аз ин ҷиҳат дар байни мамолики ҷаҳон мақоми 135-умро ишғол менамояд ва ин нисбат ба саҳми аксар давлатҳои олам бағоят кам аст. Таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси Пешвои миллат буда, 31 август — 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (шаҳри Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (шаҳри Копенгаген) пешниҳод гардидааст. Зеро Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта бо суръати баланд обшавии пиряхҳо дар ҳудуди он мушоҳида мешавад.

- Дар чунин шароит аз ҳар як инсон, дар маҷмӯъ, давлатҳо, тақозо мешавад, ки захираҳои табиӣ, махсусан захираҳои обиро оқилона ва самаранок истифода баранд. Дар мамлакат оид ба ин мақсад чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

 - Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ҳамчун давлати пешқадам ташаббускор мебошад. Оид ба сарфакорона истифодабарии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо назаррасанд. Аз ҷумла, «Консепсия оид ба сарфакорона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар Тоҷикистон» (2000), «Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» (2002, 2020) қабул гардид. Ҳоло татбиқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» идома дорад. Аз ҷониби олимон технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили чакраобмонӣ, борони сунъӣ ва усулҳои микрообёрӣ тавсия гардидааст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки технологияҳои мазкур обро то 60% сарфа намуда, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро то 2-3 баробар баланд мегардонанд. Ҳамчунин, барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва лоиҳаҳои махсус оид ба истифодаи оқилонаи об дар амал татбиқ мешаванд.

- Дар ҳалли мушкилоти марбут ба об чӣ гуна саҳмгузорӣ мекунед?

- Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ падидаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар соли 2002 таъсис дода шудааст. Он дорои 7 лаборатория ва як шуъба буда, 59 корманд, аз ҷумла 5 нафар доктори илм ва 14 номзади илмро ба кор фаро гирифтааст.

Фаъолияти олимону мутахассисон асосан ба тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои ташаккул­ёбӣ, истифода, сифати обҳои рӯизаминӣ, гидроэкология, дурнамои тағйирёбии захираҳои об, идоракунии захираҳо, истифодаи самаранок ва ҳифзи сарчашмаҳо, масъалаҳои марбут ба рушди гидроэнергетика дар ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Айни замон, олимони институт аз рӯи се мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ: «Оптималкунонии алоқамандии байни об, озуқаворӣ, энергия ва экология дар шароити тағйирёбии иқлими ҳавзаи дарёи Зарафшон», «Масоили ташаккулёбӣ ва танзими обовардҳои сахт дар объектҳои обии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он» ва «Стратегияи рушд ва оптималкунонии мувозинаи захираҳои энергетикӣ. Сенарияи рушди гидроангиштии энергетикии Тоҷикистон» пажӯҳиш карда истодаанд. Соли 2020 аз ҷониби олимони институт 9 арзнома ба ихтироот пешниҳод гардида, ба 4-тои он қарор дар бораи додани патент қабул шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби олимон дар бахши гидроэнергетика модели консептуалии идоракунии оптималии низоми обӣ-энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, таҳия гардид. Пас аз гирифтани патент ба ихтироот он ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ барои татбиқ пешниҳод мешавад.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА

Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум» №42 (4304) 03.04.2021

Last modified on Душанбе, 21 Июн 2021
Яндекс.Метрика