Доир ба мақеи ҷуғрофиёи ин музофоти кӯҳистон дар асари машҳур ва навиштаи муаллифи номаълум бо номи «Ҳудуд-ул-олам» зикр шуда, ки: «дар Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Парғар (Фалғар) ва ё Айнии кунунӣ ва Дарёҷой (Искандаркӯл) андар вай аст ва рӯди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Дар саҳифаи дигари ин асар қайд шуда, ки «ба Дарёҷой чаҳор рӯди хурд дарафтанд (Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон, Н.Қ.) ва аз он рӯде берун ояд, ки аз замини Барғар дар гузарад, ба Бунҷакату (Панҷакент) Самарқанд омада ба Бухоро равад».
Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки «Ҳудуд-ул-олам» нахустин китоби ҷуғрофиёӣ роҷеъ қисмати болооби водии Зарафшон, яъне марзи имрӯзаи шаҳри Панҷакенту навоҳии Айнию Кӯҳистони Масчоҳ набуда, қабл аз таълифи он низ дар сарчашмаҳои дигари таърихию ҷуғрофиёӣ маълумотҳои равшане зикр ёфтаанд. Масалан, олими юнонӣ Аррион дар асри I-и мелодӣ чӣ гуна сарчашма гирифтани Зарафшонро чунин тасвир кардааст: «Фазои калонеро бо дарёе обёрӣ карда мешавад, ки онро сокинони маҳаллӣ Политимет меноманд ва ин дарё дар ибтидо бо маҷрои танг ҷорӣ шуда, баъд ба ғоре мерезад ва дар зери замин пинҳон мегардад». Ин тафсилоти Аррион на ба дарёи Зарафшон, балки ба маҷрои поёнии рӯди Яғноб - Марзич, ки дар он ҷо замоне фурӯғалтӣ рӯх додаасту то ҳанӯз боқӣ мондааст, тааллуқ дорад.
Сабаби чунин тафсир додани Аррион дар он аст, ки дар аҳди қадим ва асрҳои миёна сарчашмаи асосии Зарафшонро на рӯди Масчо, балки дарёҳои Фон ва Яғноб меҳисобиданд. Танҳо соли 1870 олими рус А.П. Федченко дар деҳаи Варз (ҳоло маркази ноҳияи Айнӣ) мушоҳида кард, ки рӯди Фон ба дарёи Масчо рехта, дарёи Зарафшонро ташкил медиҳад. Ӯ ба хулосаи дурусте омад, ки саргаҳи асосии Зарафшон на дарёҳои Фону Яғноб, балки рӯди Масчо мебошад, зеро он дароз ва пуроб аст.
Ҳатто, хеле пештар аз илми Юнон ҳам мардум дар бораи ҷуғрофиё ва сарватҳои табиии Зарафшон огоҳ буданд ва ҳанӯз дар ҳамон давра қисме аз онҳоро истихроҷ карда, барои пешбурди рӯзгори хеш истифода менамуданд. Бо вуҷуди оне, ки Авасто нахустин китоби муқаддаси динӣ ҳаст, дар он оид ба об, хок, олами набототу ҳайвонот, коркарди замин, зироатпар-варӣ, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ аз Гава Суғд, яъне Бутамон ё Кӯҳистони Зарафшон маълумотҳои ҷолибу зарурӣ оварда шудааст. Зеро Кӯҳистони Зарафшон музофоти бузурги давлати Суғд буд ва дар ҳамон замон ҳамчун истеҳсолкунандаи тилло, қалъагӣ, навшодир, симоб ва сангҳои қиматбаҳо шуҳрат дошт. Далели ин даъвӣ навиштаи ҷуғрофидони чинӣ Ли Ян Шо дар солномаи худ «Таърихи шимол» (соли 435) аст: «дар болооби Зарафшон тилло, оҳан ва санги сулаймонӣ (оникс) истихроҷ мекунанд ва боғу токпарварӣ, парвариши зироатҳои полизӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтааст».
Ҳамчунин, дар ҳуҷҷатҳои суғдии аз кӯҳи Муғ ёфтшуда, аз як қатор мавзеъҳои Бутамон, ба мисли Мадрушкат, Пастиғав, Эсис, Роғ, Палғар, Утоғар, Моғиён, Мадм, Марғузор, Вешист, Вешаб, Вишак, Дарғ, Марғ, Зировадк, Искодар, Испағн, Хушикат, Киштут, Варз, Рарз, Фатмев, Фатмовут, Похут, Шаватк, Вардаккат, Саритоғ ва ғайра зикр шудааст, ки ин ҷойномҳо то ба имрӯз бетағйир истифода мешаванд. Вале дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон - Кӯҳистон ва ба ҷои рӯди Суғд - Зарафшон дарҷ ёфта, аз он замон то ба ҳол чун Кӯҳистони Зарафшон ё Зарфшон маълуму машҳур аст.
Ба андешаи эроншиноси номвари амрикоӣ Ричард Фрай замони салтанати Сомониён «асри тиллоӣ ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» мебошад ва маҳз дар ҳамин давра, як қатор донишмандону мутафаккироне, чун Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) ба арсаи илм ворид шуда, ба пешрафти ҳамаҷонибаи илми ҷаҳонӣ нақши назаррасе гузоштанд. Берунӣ аввалин шуда, дар «Китоб-ул-ҷавоҳир»-аш оид ба сарватҳои зеризаминии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла, лаъли Бадахшон, лоҷвард, булӯри кӯҳӣ (дар Помир), конҳои тилло (дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Қаротегин, Шуғнон, Вахон), нуқра, симоб, мис, оҳан, фирӯза, зок, навшодир (дар Зарафшон), флюорит (дар қаторкӯҳи Ҳисор), ангиштсанг, нафт ва мӯмиё (дар водии Фарғона) маълумоти фаровоне додааст. Назар ба маълумоти нишондодаи китобҳои «Ҳудуд-ул-олам», «Сурат ал-арз» ва «Масолик ва Мамолик» маълумотҳои Берунӣ дақиқтар ва ба илми муосир наздиканд.
Дар баробари маълумотҳои таърихии оид ба ҷуғрофиёи Зарафшон то имрӯз мавҷуда, бояд эътироф кард, ки ба донишҳои илмии муосир дар бораи табиат, сарватҳои табиӣ ва иқтисоду иҷтимоиёти ин музофоти кӯҳӣ олимону муҳаққиқони рус асос гузоштаанд. Ҳанӯз соли 1841 бо сарварии муҳандис-маъданшинос К.Ф. Бутенов, топограф А.Яковлев, табиатшинос А.Леман, маъданшинос Ф.Богословский ва географ ва таърихшинос Н.Хаников аз Бухоро бо мақсади тадқиқ қад-қади дарёи Зарафшон то ба кӯҳсори Фон омада, кони ангиштсанги Фон-Яғнобро кашф карданд ва ошкор намуданд, ки дар Фонтаг (кӯҳи Малик) вулқон амал накарда, балки сӯхтори зеризаминии ангишт асрҳо инҷониб давом дорад.
Ҳамчунин, ба мақсади ба округи Зарафшон ва ба ин васила ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардани Кӯҳистон, бо сарварии роҳбари округ генерал-майор А.К. Абрамов 25.04.1870 юриш сар шуд, ки ба ҳайати он беш аз сад нафар олимон, аз ҷумла, А.П. Федченко, О.А. Федченко, Д.К. Мишенков, А. Кун, Д.Л. Иванов, П.А. Аминов ва тарҷумону муаллифи асари «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» А.Мустаҷир ҳамроҳ шуданд.
Сипас, пажӯҳиши ҳамаҷонибаи табиати болооби водии Зарафшон мунтазам идома ёфта, давоми солҳои 1874-1880 И.В. Мушкетов, Г.Д. Романовский ва В.Ф. Ошанин ба омӯзиши геологӣ, соли 1888 П.П. Семёнов (Тяншанский) ба омӯзиши орографӣ (ҳудуди байни Панҷакент ва Урметан), солҳои 1896-1916 В.И. Липский ба омӯзиши олами набототу ҳайвонот ва ҷинсҳои кӯҳӣ (252 адади онҳоро ҷамъоварӣ кард), солҳои 1896-1908 Н. Петровский ба омӯзиши геологӣ, географӣ ва гидрлогӣ (нисбат ба кӯлҳои Шингдара маълумоти ҷолиб ба даст овард) ва солҳои 1910-1912 И.П. Преображенский ба омӯзиши қаторкӯҳҳои Туркистону Зарафшон (нисбат ба пайдоиши Искандаркӯл, пиряхи Зарафшон, конҳои ангишти Киштут ва содалити Сабағ диққати махсус дод) машғул шуданд.
Ин тадқиқоти географию геологии олимони рус дар Зарафшон то соли 1917 давом карда, пас аз Инқилоби Октябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон як қатор экспедитсияҳои илмию тадқиқотӣ - экспедитсияи Шӯравию Олмон (1928), экспедитсияи комплек-сии Тоҷикистон (1932), экспедитсияи Помиру Тоҷикистон (1933-1937) ва ғайра ташкил гардиданд. Ба ғайр аз ин, гурӯҳи олимон ё олимон дар алоҳидагӣ дар водии Зарафшон зимни тадқиқоти худ кашфиёти назаррас карданд. Масалан, солҳои 1929-1932 М.И. Брик ва Г. Черкизов кони ангишти Киштут-Заврон, соли 1930 В.И. Соболевский конҳои флюорити шаффофи оптикии кӯли Калон (аввалин кон дар собиқ ИҶШС) ва кони симоби Чулбой, соли 1932 Т.И. Иванова конҳои сурмаи Марғзор, тиллои Сармад (1933) ва қалъагию маргимуш (1934), соли 1932 Л. Кравченко кони сурмаи Рарз, соли 1932 Н.Н. Стулов кони волфраму қалъагии Такфон, соли 1933 Б. Наследов конҳои сурмаю симоби Моғиён, Марғзор ва Кончоч, соли 1935 А.Ф. Соседко пайҳои пегматит ва вуҷуд доштани литий, бериллий, қалъагӣ, тантал ва ниобий (дар Масчоҳ), соли 1941 А. Недзветский ва Б. Коровкин кони сурмаи Ҷиҷикрӯд, соли 1941 М.Э. Пояркова кони сурмаи Моғиён, соли 1956 Г. Шахмаев кони симоби Зархок, соли 1952 Х.М. Юсупов конҳои сурмаи Панҷрӯд, соли 1951 А. Орифов, В. Ефименко ва Косминин кони тиллои Чоре, соли 1983 конҳои тилло, маргимушу сурмаи Сабағ ва давоми солҳои дигар аксар конҳои маълум тадқиқ ва чандин конҳои нав кашф карда шуданд.
Ҳамин тавр, тадқиқоти ҷузъии соҳавӣ доир ба омӯзиши паҳлуҳои гуногуни геология, география, гидрология, глятсиология, лимнология, минералогия, метеорология, кишоварзӣ, иқтисод ва ғайра, ки бевосита ба Зарафшон бахшида шудаанд, хеле зиёданд ва албатта, ин тадқиқот аз навгониҳои илмӣ орӣ нестанд. Дар баробари тадқиқоти тоинқилобӣ ва даврони шӯравӣ, ки дар онҳо саҳми олимони тоҷик назаррас нест, ба ин масоил солҳои 60-70-уми асри XX И.Қ. Нарзиқулов, Р.Б. Баротов, Қ.Ш. Ҷӯраев, З.И. Тағоев, Н. Мадалиев, А.М. Раҳмонов, Х.М. Юсупов, дар солҳои 80-90-ум садсолаи гузашта Н.Қ. Қаюмов, У.И. Муртазоев, Х. Муҳаббатов, З.С. Султонов, И.И. Саидов, Т.О. Салимов, Г.Н. Петров, Ҳ. Умаров, Ҳ. Очилов, З. Мусоев, Ш. Ғаффоров, П. Баротов ва дар ибтидои асри XXI И.Ш. Норматов, З.В. Кобулӣ, А.Р. Фозилов, Ҳ. Аброров, Ш. Раҳмонов, М. Ҷонмаҳмадов, М. Акмалов, О. Ризоева ва Н.Б. Қурбонов шуғл варзида, натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст овардаанд.
Дар байни «зарафшоншиносон» номи муаллими дақиқназар, олими сермаҳсул ва инсони шариф, узви Ҷамъияти географҳои ИҶШС Аброров Ҳусейн ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад. Зеро агар ба корҳои илмӣ-тадқиқотии ба омӯзиши Зарафшон бахшидашуда ва таълифоти дар ин самт эҷодкардаи олимони фавқ назар намоем, дар ин миёна асарҳо ва маводҳои нашрнамудаи Ҳусейн Аброров на танҳо миқдоран зиёданд, балки доираи фарогирии мавзуъҳояшон хеле фарох аст. Ҳамчунин, агар ба фосилаи байни асарҳои нахустин (1978) ва ҷадидан (2019) ба нашр расонидани муаллими гиромӣ ва олими пуркор Ҳусейн Аброров диққат диҳем, ин фосила беш аз 40 солро дар бар мегирад. Аз ин ҷо бармалост, ки ин устоди фарзона аз нисф зиёд умри хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши табиату сарватҳои табиии Зарафшон ва инчунин, пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, захираҳои рекреатсионӣ, экология, топонимика, саноати маъдани кӯҳии музофотҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кардааст. Беш аз чиҳил сол ба таҳқиқи як мавзуъ машғул шудан, агар аз як тараф аз инсон сабурию иродаи қавиро талаб намояд, аз ҷониби дигар ӯро ба кушодани гиреҳҳои нокушодаю ошкорнамоии асрори ин масъала раҳнамун месозад.
Ҳусейн Аброров зодаи ин водии баландкӯҳ буда, қавииродагиро аз кӯҳҳои устувор ва софдилиро аз обҳои мусаффояш омӯхтааст. Ӯ 7-уми январи соли 1941 дар деҳаи Шаватки болои деҳшӯрои Рарзи Заҳматобод (Айнии кунунӣ) ба дунё омада, овони кӯдакию наврависро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Пас аз хатми бомуваффақияти мактаби миёна соли 1957 ба шуъбаи навташкили биологияву географияи факултаи табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) шомил гардида, онро соли 1962 ба поён расонидааст. Баъди хатм ёфтани таҳсил дар донишгоҳ тибқи роҳхат ба ноҳияи Айнӣ фиристода шуда, фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи омӯзгори мактаби миёна оғоз намудааст.
Солҳои 1964-1965 дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Ленин (Рӯдакии имрӯза) ба ҳайси омӯзгор-мураббӣ кор карда, соли 1965 боз ба Айнӣ бармегардад. Пас аз барашт ба ноҳияи Айнӣ фаъолияташро дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи Вешканд ба сифати ҷонишини директор идома дод. Бо вуҷуди омӯзгору тарбиятгари насли наврас будан, чун дигар ҷавонони меҳандӯст давоми солҳои 1965-1966 хизмати модар-Ватанро ба ҷой овард.
Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар сафи артиши ИҶШС боз ба зодгоҳаш - ноҳияи Айнӣ ба кор омада, давоми солҳои 1966-1970 вазифаи муовинии директори МТМУ №6-и шаҳраки Зарафшонро бар дӯш дошт. Дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва малакаю маҳорати устод Ҳусейн Аброровро ба инобат гирифт, ӯро барои кор ба шуъбаи маорифи ноҳия даъват карданд ва аз соли 1970 то соли 1972 ба ҳайси мушовири мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ заҳмат кашид. Пас аз ин, боз ба пешаи омӯзгорӣ шуғл варзида, дар як қатор макотиби миёнаи ноҳияи Айнӣ давоми солҳои 1972-2003 аз фанҳои омодагии дифои ҳарбӣ, география, биология, астрономия ва ҷомеашиносӣ дарс додааст.
Дар баробари таълиму тарбияи насли наврас пайваста ба корҳои илмию тадқиқотӣ даст зада, навиштаҳояш дар саҳифаи рӯзномаю маҷаллаҳои мухталиф ба нашр мерасиданд. Меҳри илм ва дибастагӣ ба тадқиқи илмӣ устоди арҷманд Ҳусейн Аброровро соли 2003 ба даргоҳи Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон овард. Давоми солҳои 2003-2006 дар ин муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ба масъалаҳои гуногуни илми хокшиносӣ шуғл варзида, якчанд рисолаҳои хурди моҳияти амалидоштаро, ба мисли 1) Тавсиянома оид ба обшӯӣ намдуани шӯразамин. - Душанбе, 2007; 2) Чимгардонӣ - тарзи асосии боз доштани намудҳои гуногуни эрозияи хок. - Душанбе, 2008; 3) Хокистар, нурӣ ва даво. - Душанбе, 2008 таълиф намуд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотиашро аз соли 2007 ба сифати ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то ба имрӯз дар ин вазифа пайи омӯзишу пажӯҳиш қарор дорад. Дар баробари ин, устоди гиромӣ Ҳусейн Аброров давоми солҳои 2010-2011 бо Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Ҳамчунин, ин устод ва олими соҳибназар бо маҷаллаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Маърифати омӯзгор», «Масъалаҳои мориф» ва «Маорифи Тоҷикистон» ҳамкории қавӣ дошта, мақолаҳои илмию методӣ ва илмию оммавиаш дар саҳифаҳои маҷаллаҳои фавқ пайваста ба нашр мерасанд. Теъдоди таълифоти муаллими дақиқназар ва олими борикбин Ҳусейн Аброров 300 номгӯ мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла 28 рисолаҳои хурду калон ташкил медиҳанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошад: 1) Зарафшони кӯҳӣ, 1978. - 94 с.; 2) Искандаркӯл: табиат, захираҳои табиӣ ва ҳифз, 1992. - 35 с. (ҳаммуаллиф); 3) Осори ҷуғрофии ниёгон дар таълим, 2001. - 42 с. (ҳаммуаллиф); 4) Об ҳаёт аст, 2003. - 190 с. (ҳаммуаллиф); 5) Фон-Яғноб: захираҳои табиӣ, 2003. - 100 с. (ҳаммуаллиф); 6) Тоҷикистон - кишвари кӯлҳои беназир, 2003. - 195 с.; 7) Музофоти табиию географии Зарафшон, 2004. - 168 с.; 8) Табиат ва захираҳои кӯҳсори Фон, 2004. - 170 с.; 9) Иқтидори иқтисодии захираҳои обии водии Зарафшон, 2005. - 189 с.; 10) Формирования водных ресурсов Горного Зерафшана и их экономический потенциал, 2013. - 132 с. (ҳаммуаллиф); 11) Экология дар таълими география, 2011. - 48 с. (ҳаммуаллиф); 12) Тоҷикистон - кишвари муъҷизаҳои табиӣ, 2011. - 197 с. (ҳаммуаллиф); 13) Минтақаи географии Кӯлоб, 2015. - 132 с. (ҳаммуаллиф); 14) Пиряхҳои Тоҷикистон, 2017. - 147 с.; 15) Вопросы эффективного использования водно-земельных ресурсов Горного Зерафшана, 2018. - 147 с.; 16) Об, илм ва рушди устувор, 2018. - 432 с. (ҳаммуаллиф) ва 17) Географияи сарватҳои шифобахши табиати Тоҷикистон, 2019. - 248 с. (ҳаммуаллиф).
Ҳамчунин, ин инсони шариф, муаллими донишманд ва олими борикбин, ки аз собиқадорони соҳаи тадқиқи худ ба шумор меравад, дар баробари таълими шогирдон ва навиштани мақолаву рисолаҳои илмию тадқиқотӣ натоиҷи омӯзаҳову пажӯҳишоти беш аз чиҳилсолаашро дар мавзуи «Хусусиятҳои географӣ-гидрологии ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои обии Кӯҳистони Зарафшони Тоҷикистон» ҷамъбаст намуда, рисолаи номзадии худро моҳи июли соли 2019 аз рӯи ихтисоси 25.00.27 - Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия дифоъ кард ва сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои география гардид.
Имрӯзҳо, ин муаллими донишманду фарзона, олими соҳибназару пурмаҳсул ва инсони шарифу хоксор қадам ба остонаи 80 мениҳад ва ба синну соли хеш нигоҳ накарда, пайваста талош меварзад, ки аз пештара ба омӯзишу пажӯҳиш машғул шавад. Ӯ нақша дорад, ки доир ба табиат ва сарватҳои табиии ҳар як ноҳияи табиии ҷумҳурӣ рисолаҳои илмию тадқиқотии алоҳида таълиф намояд. Устоди арҷманд Ҳусейн Аброров то ин муддат бахшида ба ноҳияҳои табиии Зарафшон (Музофоти табиию географии Зарафшон) ва Кӯлоб (Минтақаи географии Кӯлоб) китобҳои илмие иншо кардааст ва барои навиштани рисолаи дигаре доир ба ноҳияи табиии Рашт пайи ҷамъоварии маълумотҳост.
Дӯстону ҳамкорони сершумор ва шогирдону пайвандони қадрдон дар амали гаштанӣ ин ниятҳои неку нақшаҳои хайр ба устоди меҳрубон Ҳусейн Аброров барору комёбӣ таманно намуда, орзуи онро доранд, ки ин олими борикбину дақиқназар баҳри рушди илми географияи тоҷик бештар аз пештар ҷаҳд менамояду саҳми назарраси хешро мегузорад.
Номвар ҚУРБОН,
номзади илмҳои техникӣ,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масаъалаҳои об, гидроэнергетика ва
экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Бознашр аз маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», №1, 2020, саҳ.40-45