Дар баробари пажӯҳиши мушкилоти экологӣ ва масоили иқлимӣ, самти дигар илмию эҷодии Ҳасан Асоевро мушкилоти марбут ба об, махсусан захираҳои оби минтақаи ташаккули обҳои ҳавзаи баҳри Арал ва комплекси хоҷагии об ташкил медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар муҳаққиқ давоми солҳои ба омӯзишу пажӯҳиши комплексии яке аз объектҳои муҳимми гидротехникии Тоҷикистон ва минтақа Неругоҳи барқи обии Роғун шуғл варзида, дар ин замина «Асари сегонаи ифшогари рози Роғун»-ро таълиф намуд.
Зеро НБО-и Роғун на танҳо иншооти гидротехникӣ, балки бузургтар аз як объекти гидроэнергетикӣ ва арсаи мардонагӣ, марзи номус ва нишони қавииродагию устувории миллати тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар ин маврид лозим ба таъкид аст, ки маҳз ҷасорату мардонагӣ ва ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистони тозаистиқлол, вале дар оташи ҷанг сӯзандаву дар вартаи нобудӣ қарордошта, дар муддати начандон зиёд ба марҳилаҳои комилан нави рушду пешрафт ворид гардид, мардуми шарифи он дар партави сиёсати хирадмандона, дурбинона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат баҳри татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии меҳан - таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар камари ҳиммат баст.
Мавзуи бунёди Кохи нури Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар меҳвари яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дорад, на танҳо ба шиор, балки афсонае буд, ба ҳақиқат табдил ёфт. Неругоҳи мазкур бузургтару муҳимтар аз объекти гидротехникӣ мардуми тоҷикро дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Эҳёгари НБО-и Роғун, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуд. Ва ҳар як сокини кишвар ба ин масъалаи ҳаётан муҳимми меҳан таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намудаанд. Доир ба рафти корҳои бунёдкории ин сохтмони муҳташам маводҳои ҷолиберо ба мардум пешкаш менамоянд, то ки ҳар як нафар аз ҷузъиёти он воқиф бошанд.
Маҳз ҳамин якдиливу якдигарфаҳмии миллат буд, ки ҳамрайии худро нисбати ҳукумат бо ҳамовозии амиқнишон дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарафи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои «Роғун» далели ҳисси ифтихории миллии ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст. Маҳз ҳамин орияту номуси ватандории мардум буд, ки ватани азизамон Тоҷикистонро бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагии мардуми шарифи кишварамон шаҳодат медиҳад. Ҳазорон ободкорони созандагони роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кории нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ва ҳиммати фарҳодона тадбирҳои муассир меандешанд.
Дар баробари бунёдкорони Нергуоҳи барқи обии Роғун олимону адибон, рӯзноманигорону коршиносон ва умуман, ҳар нафаре дар даст хома дорад, мекӯшад, ки меҳрномаи қалби хешро нисбат ба ин кохи нур баён намояд. «Асари сегонаи ифшогари рози Роғун»-и муҳаққиқи борикбину донишманд Ҳасан Асоев низ аз ҷумлаи меҳрномаҳоест, ки агар аз як тараф ба хотири мавқеъгирии меҳанпаратонаю миллатдӯстона дар муборизаҳои иттилоотӣ эҷод гардида бошад, аз тарафи дар асоси арзишҳои баланди илмӣ ва таҳлилу баррасии афкору андешаҳои хиёде таълиф гардидааст. Дар ҳар се бахши асар муаллиф ба сарчашмаҳои зиёди илмӣ, техникӣ, адабӣ, илмӣ-оммавӣ ва инчунин, матбуоти даврӣ муроҷиат намуда, дар заминаи ин ковишҳо андешаи худро баён мекунад ва ҳамчун як шахсияти миллӣ мавқеъгирӣ менамояд.
Зеро хусусияти хоси тадқиқоти ин асарҳои сегона аввалан дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф дар баробари тавсифи табиату сарватҳои табиии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо, мушкилоти экологӣ, масоили обу иқлим, рушди гидроэнергетика, истифодаи самараноки эахираҳои обию энергетикии кишвар, рушди устувор, иқтисоди сабз ва ҳоказо, инчунин, тобишҳои сиёсӣ, миллатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ доштани бунёди НБО-и Роғунро хеле хуб ба қалам додааст. Нуктаи дигари ҷолиб он аст, ки муаллиф ҳеҷ гоҳ кӯшиш накардааст, то афкору андешаи дигарон танқид намояд, баръакс онҳоро холисона арзёбӣ ва дар асоси далелҳои илмӣ баррасӣ кардааст.
Дар маҷмӯъ, дар ин асари сегона умдатарин паҳлуҳои маҷмааи гидроэнергетикии НБО-и Роғун мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, муаммоҳои сарбастаи он дар асоси далелҳои муътамади илмӣ аз нигоҳи ҷадид баён ёфтааст. Ҳамзамон, дар ин пажӯҳишот мушкилоти экологӣ тарзе матраҳ гардидаанд, ки баҳогузории онҳо барои минтақа ҳамчун омили муттаҳидсоз хидмат менамоянд… Ҳамин тавр, муҳтавои куллии мухтасари ин асари сеҷилда чунин аст:
Роғун – машъалафрӯзи минтақа. Ҷилди 1. - Душанбе: «Дониш», 2018. - 136 с. Ҷилди аввали асари сегона буда, аз 5 фасл: «Асосҳои методологии назариявию амалии тадқиқот», «Тоҷикистон ва тавсифи мухтасари сарватҳои табиии он», «Роғун: меҳвари гуфтугӯҳо», «Тарҳи НБО-и Роғун аз нигоҳи коршиносон» ва «Мавқеи географии Роғун ва хусусиятҳои табии он» иборат аст.
Дар бахши аввали асар муаллиф асосҳои методологии назариявию амалии тадқиқотро баён намуда, самтҳо ва ҳадафҳои онро дақиқ нишон додааст. Баъдан, дар бораи табиат ва сарватҳои табиӣ, махсусан обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон маъълумот дода, дар ин замина бунёди НБО-и Роғунро яке роҳҳои асосии ноилшавӣ истиқлоли энергетикӣ унвон кардааст. Зеро коршиносони соҳа муайян намудаанд, ки афзоиши босуръати талабот ба неруи барқ боиси он мегардад, ки дар миёнаи асри ХХI тавозуни энергетикии ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфта, дар охири ин садсола 4 баробар зиёд мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аз ҷиҳати дорои захираҳои об бойи минтақа ва ҷаҳон маҳсуб ёфта, иқтидори гидроэнергетикии он беш аз 527,06 млрд. кВт*соатро ташкил медиҳад. Чунин захираи бузург имкон медиҳад, ки меҳани мо мушкилоти аксари кишварҳои минтақа бо неруи барқро аз байн барад. Ҳамчунин, Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, неруи таҷдидшаванда дар дунё дар ҷои 8-ум қарор дорад ва аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол менамояд. Бинобар ин, Тоҷикистон на танҳо барои таъмини худ, балки барои рушди минтақа азнавсозии НБО-и Роғунро ба роҳ мондааст.
Ҳамин тавр, рисолаи мазкур дар робита ба афкору андешаҳои олимону мутаххассисони соҳаҳои мухталиф иншо гардида, нақш ва аҳамияти НБО Роғун-ро барои минтақа аз нигоҳи экологӣ нишон медиҳад. Ин асар дар асоси далелҳои гуногуни назариявӣ ва амалӣ таълиф гардида, муҳтавои он вобаста ба рушди гидроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ташаккул додани сиёсати экологиро масъалагузорӣ менамояд.
НБО-и «Роғун» – кафолати рушди устувори минтақа минтақа. Ҷилди 2. - Душанбе: «Дониш», 2019. - 215 с. Рисолаи мазкур ҷилди дуюми сегонаасари ба мавзуи Роғун бахшидаи муаллиф мебошад, ки 4 фаслро дар бар мегирад: «Аз баҳс то ҳақиқат», «Ҷустуҷӯ ва бозёфтҳо», «Об ва сиёсат» ва «НБО-и Роғун ва муаммоҳои баҳри Арал».
Дар фасли аввали асари мазкур муаллиф бештар ба баҳсҳои марбут ба бунёди НБО-и Роғун таваҷҷуҳ намуда, онҳоро вобаста ба замон аз дидгоҳи мухталиф баррасӣ намудааст. Инчунин, ба масъалаи фаромарзӣ ё дохилимарзӣ номидани назар андохта, онро сирф сарвати миллӣ номидааст, ки комилан ҳақ ба ҷониби муаллиф аст.
Доир ба таърихи комилан ҷадиди НБО-и Роғун ҳаминро таъкид кардан зарур аст, ки сохтмони он бевосита бо ташаббус ва иқдоми Пешвои муаззами миллат аз нав оғоз гардид. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои тендери байналмилалӣ Консорсиуми байналмилалӣ бо раҳбарии ширкати фаронсавии «Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения» ҳамчун пудратчӣ ва ширкатҳои итолиявии «Электроконсалт» ва британии «Ҷи-пи-эй Энерҷи Ватер Консалтинг» барои гузаронидани ташхиси мустақили асосноккуниии техникую иқтисодӣ ва Ширкати швейтсарии «Пойри Энержӣ» барои арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ интихоб гардиданд. То соли 2014 ташхиси муфассали ҷанбаҳои техникӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ, иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи НБО Роғун баргузор гардид ва дар маҷмӯъ, лоиҳаи мазкур беш аз 7 маротиба аз ташхис гузаоштааст. Ҳамзамон, дар давоми солҳои 2011-2014 силсилаи муҳокимаҳои кушод бо иштироки кишварҳои ҳамсарҳад доир ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои имконпазир пайваста бо сохтмони Роғун бо гузориши натиҷаҳои пешакии арзёбии лоиҳа таъмин гардид. Дар ҳисоботи худ мушовирони ширкати «Пойри Энержӣ» ва «Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения» ба хулоса омаданд, ки бунёди НБО-и Роғун бо баландии сарбанди 335 метр беҳтарин ва аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар аст.
Дар маҷмӯъ, бахши дуюми асар дар бораи муаммоҳои бунёди НБО «Роғун» баҳс намуда, муҳтавои он бо далелу санадҳои муътамади илмӣ, вобаста бо рушди соҳаи гидроэнергетика зарурати ташаккул додани консепсияи сиёсати экологии минтақаи ташаккулёбии захираҳои обии ҳавзаи баҳри Аралро ба миён мегузорад. Натиҷагирии пажӯҳишот дар расиолаи мазкур аз дидгоҳҳои мухталиф то чӣ андоза воқеӣ будани мушкилоти бунёди НБО «Роғун»-ро бозгӯ менамоянд.
НБО-и «Роғун» – намунае аз иқтисоди сабзи минтақа. Ҷилди 3. - Душанбе: «Дониш», 2022. - 262 с. Ҷилди сеюм аз асари сегонаи ифшогари рози Роғун буда, дорои 7 фасл: «Кӯргиреҳҳои НБО-и Роғун», «Тоҷикистон ва равандҳои тағйирёбии иқлим», «Офатҳои табии Тоҷикистон ва зиёни молиявии онҳо», «Сиёсати экологӣ ва муаммоҳои сейсмологии НБО-и Роғун», «Парваришгоҳи гидрологии Роғун», «Муаммо, мушкилот ва дурнамои туризми Тоҷикистон» ва «Фарҳанги экологии халқи тоҷик дар боби истифодаи об» мебошад.
Дар ин бахш муаллиф бештар ба мушкилоти экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии марбут, муаммоҳои сейсмологӣ ва идоракунии маҷмаавии захираҳои об, диққати махсус дода, нақши НБО-и Роғунро дар ин маврид хеле хуб арзёбӣ намудааст. Зеро арзиёшҳои илмӣ собит намудааст, ки 42%-и Қазоқистон, 77%-и Узбекистон ва 94%-и Туркманистон ба обҳои кишварҳои болооб, махсусан Тоҷикистон, эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ, бунёди НБО-и Роғун, ки дар танзими бахши аъзами захираҳои оби ҳавзаи дарёи Ому нақши муҳим доранд, на танҳо ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат менамояд, балки барои тамоми барои тамоми кишварҳои поёноб ҳамчун манбаи об ва барои тамоми минтақа чун кохи нур хидмат менамояд.
Дар умум, қисми сеюми асар дар бораи масоили умдаи НБО «Роғун» баҳс намуда, муҳтавои умумии он паҳлуҳои мусбату манфии неругоҳро дар сатҳи минтақа нишон медиҳад. Масъалаҳои истифодаи самаранокии захираҳои об, ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи боигарии ватани аслии оби Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, ҳифзи низоми экологии об ва нақши меҳварии НБО «Роғун» дар идоранамоии захираҳои обу ҳизфи экосистемаи болооби ҳавзаи баҳри Арал ва инчунин, рӯй овардан ба иқтисоди сабз дар ин асар инъикос ёфтаанд.
Ҳамин тавр, «Асари сегонаи ифшогари рози Роғун» на танҳо рисолаи илмӣ-тадқиқотии самти об, иқлим, экология ва техника мебошад, балки ҷанбаҳои фаровони миллатдӯстию меҳанпарастӣ низ дорад. Ҳам аз ин ҷиҳат ва ҳам бо назардошти бо забони равону оммафаҳм навишта шудан, ду бахши аввали он аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Китоби сол - 2020» эътироф гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳасан Асоев ҳамчун муҳаққиқ ҳар сухан ва ҳар навиштаашро бо далел ва зикри сарчашма асоснок менамояд. Далели бармалои ин гуфтаҳо он аст, ки муаллиф зимни таълифи ҷилди якум 280 маротиба, ҳангоми навиштани ҷилди дуюм 558 маротиба ва дар вақти эҷоди ҷилди сеюм 843 маротиба ба сарчашма, адабиёт ва сомонаҳои интернетӣ муроҷиат ва онҳоро дар поварақ дарҷ намудааст.
Натиҷаи ҳамин ковишгарӣ, ҷустуҷӯгарӣ ва пажӯҳандагӣ аст, ки корҳои илмӣ-эҷодии Ҳасан Асоев аз ҷониби олимони саршиноси кишвар, чун академикҳо Рауф Баротов, Маҳмуд Исмоилов, Пӯлод Ҷӯраев, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зайналобуддин Кобулӣ ва профессорон Холназар Муҳаббатов, Қурбоналӣ Партоев эътироф гардида, бо баҳои баланд арзишшиносӣ шудаанд.
Номвар ҚУРБОН,
муҳаққиқ
Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам», №19-20 (604), 06.09.2022. - С.10.
Last modified on Душанбе, 12 Сентябр 2022