wrapper

Навидҳои рӯз

Имрӯз, 5 ноябри соли 2026, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳуқуқдон» бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқон ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳуқуқдон» иштирок намуданд.
Конференсияро директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзозода Парвон ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти таърихию сиёсӣ ва ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.
Зимни суханронии худ профессор Мирзозода Парвон таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ, рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши бунёдӣ дорад.
Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таҳкими волоияти қонун ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон, баробарии ҳама дар назди қонун, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ кафолат дода шудаанд. Ин меъёрҳои конститутсионӣ ифодагари арзишҳои олии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи конференсия мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Каримзода Рухшона суханронӣ намуда, масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои занон, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва нақши Конститутсияро дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дод.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо ва ҷалби бештари занону духтарон ба фаъолияти илмӣ, идоракунӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Инчунин, доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова ва директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадзода Аминҷон зимни суханрониҳои худ доир ба аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди давлатдории миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд андешаронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, иқтисодиёт, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Ҳамзамон, нақши меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини рушди устувори ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
 
 
 
Last modified on Якшанбе, 08 Ноябр 2026
Яндекс.Метрика