wrapper

Навидҳои рӯз

  Дар Душанбе Муколамаи якуми миллии байниидоравӣ оид ба идоракунии обҳои зеризаминӣ баргузор гардид, ки дар доираи он мизи мудаввар таҳти унвони «Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии идоракунии обҳои зеризаминӣ» доир карда шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун шарики миллии «Лоиҳаи идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2025–2028», ки аз ҷониби HELVETAS Swiss Intercooperation бо супориши Swiss Agency for Development and Cooperation амалӣ мегардад, ташкил карда шуд.
Муколама намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони байналмилалиро барои баррасии ҳамаҷонибаи механизмҳои асосии меъёрии ҳуқуқии идоракунии обҳои зеризаминӣ муттаҳид намуд.
Баргузории ин муколама ҳамчун марҳилаи муҳим дар самти ташаккули низоми самаранок ва устувори идоракунии захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардад.
 
 
 
Яндекс.Метрика