Дифои рисолаи докторӣ фархунда бод!
Имруз санаи 24 сентябри соли 2026 дар Шурои дисертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи доктории корманди институт баргузор гардид. Мудири озмоишгоҳи “Моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлим” Қурбон Номвар Бойназар дар мавзуи “Рушди асосҳои назариявӣ-методологии таҳқиқи захираҳои оби минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1 Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.37. Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия) рисолаи доктории худро ҳимоя намуд.
Кори диссертатсионӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ иҷро карда шудааст.
Дар рафти ҳимоя Номвар Қ.Б. ба ҳозирин натиҷаҳои кори илмии худро пешкаш намуда, аҳамиятнокии ин натиҷаҳоро исбот намуд. Аъзоёни Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи Номвар Қ.Б.-ро баланд арзёбӣ намуда, барои ноил шуданаш ба дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ дастгирӣ карданд.
Рисолаи доктории Қурбон Номвар Бойназар бо мақсади дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рўи ихтисоси 2.1.37. “Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия” пешниҳод гардидааст.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Қурбон Номвар Бойназарро барои ҳимояи бомуваффақият муборакбод менамоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English