wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 20 декабри соли 2024 дар ҷаласаи шӯрои илмии 6D.КОА-059 дар назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҳимояи рисолаи доктории директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қодиров Анвар Саидқулович дар мавзӯи «Қонуниятҳои трансформатсияи гидрообъектҳои захираҳои обии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

  Кори диссертатсионӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ иҷро карда шудааст.

 Мушовири илмии рисолаи мазкур доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид (Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ) буданд.

  Муқарризони расмии рисола доктори илмҳои техникӣ, профессор Мурадов Шуҳрат Одилович (Кафедраи экология ва ҳифзи муҳити зисти Институти муҳандисиву иқтисодии Қаршӣ), доктори илмњои техникӣ, профессор Розиқов Зафар Абдуқаҳорович (Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон) ва доктори илмҳои физикаю математика, профессор Абдуллозода Сабур Фузайл (Институти физикаю математика ба номи С.У. Умарови АМИТ) буданд.

  Муассисаи пешбар доир ба рисолаи мазкур МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров” ба ҳисоб мерафт.

 Дар рафти кори рисола ошкор намудани қонуниятҳои трансформатсияи гидрообъектҳои захираҳои обии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии омилҳои иқлим ва ҷустуҷуи технологияҳои таъмини бехатарии гидроэкологии Тоҷикистон гузаронида шуда буданд.

  Рисолаи диссертатсионӣ аз муқаддима, 6 боб, хулосаҳои умумӣ ва замимаҳо иборат мебошад. Рисола дар 250 саҳифа пешниҳод карда шудааст.

 Рисолаи диссертатсионии Қодиров Анвар Саидқулович дар мавзӯи «Қонуниятҳои трансформатсияи гидрообъектҳои захираҳои обии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» бо мақсади дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 25.00.27 – «Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия» пешниҳод гардидааст.

 

 

Last modified on Панҷшанбе, 26 Декабр 2024
Яндекс.Метрика