Дар баррасии ҳисоботи мазкур аҳли кормандони институт иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти илмии институт ва дастовардҳои илмӣ дар шаш моҳи соли 2026 ба саҳми ҳозирин расонида шуд.
Дар рафти ҳисобот оиди ҳамаи дастовардҳои илмӣ, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, натиҷаҳои корҳои илмии олимону ходимони илмии институт, инчунин дар бораи ҳамкориҳои илмии институт бо вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, бо муасисаҳои илмии хориҷи кишвар ва оиди дигар натиҷаҳои назаррас ба ҳозирин маълумот пешкаш гардид.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар шаш моҳи соли 2026 дар самтҳои гидрология ва захираҳои об, гидроэнегетика ва экология корҳои илмии назаррас иҷро намудааст.
Дар натиҷаи ҳисоботи мазкур фаъолияти илмии институт дар нимсолаи якум аз тарафи ҳозирин хуб арзёбӣ гардид.



Last modified on Сешанбе, 23 Июн 2026
Тоҷикӣ
Русский
English