wrapper

Навидҳои рӯз

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Институти масаъалҳои об, гидроэнергетика ва экология

___________________________________________________________

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ

«КОМПЛЕКСИ ХОҶАГИИ ОБ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО»

 (6-7 майи соли 2022, ш. Душанбе, Тоҷикистон)

___________________________________________________________

 

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Ҳамкорони гиромӣ!

  Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 6-7 майи соли 2022 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Комплекси хоҷагии об: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», баргузор менамояд.

  Ҳадафи асосии конференсия мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти комплекси хоҷагии об, таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба маҳсуб меёбад.

 Маводҳои конфронс дар сомонаи https://www.imoge.tj/ ҷойгир карда шуда, дар нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ интишор меёбанд.

 

МАВЗУЪҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ:

 

  • Комплекси хоҷагии об: ҳолат ва дурнамои рушд;
  • Истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;
  • Гидроэкология, гидрохимия ва сифати об;
  • Рушди устувор ва иқтисоди сабз;
  • Иншооти гидротехникӣ ва сохтмон;
  • Дурнамои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон;
  • Аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои Тоҷикистон;
  • Масоили обтаъминкунии шаҳру деҳот дар шароити Тоҷикистон;

 

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

 

Шакли иштирок дар конференсия: ҳузурӣ ва фосилавӣ (онлайн).

 

Лутфан, дархост барои иштирок ва маърӯза (мақола)-ро дар ҳаҷми то 10 саҳифаи чопи компютерӣ, то санаи 20 апрели соли 2022 ба суроғаи ИМО,ГЭваЭ АМИТ, ш.Душанбе, к. Айнӣ 14а (шакли электронӣ ба: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.) ирсол намоед.

 

ДАРХОСТ БАРОИ ИШТИРОК:

Насаб

 

Ном

 

Номи падар

 

Вазифа  

 

Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ

 

Номи маърӯза

 

Навъи маърӯза (шифоҳӣ, бе маърӯза, иштироки ғоибона)

 

Иштирок дар реҷаи: ҳузурӣ; фосилавӣ

 

Номи пурраи ташкилот

 

Суроғаи почтавии ташкилот

(бо индекси почта)

 

Тел. / факси ташкилот

 

Тамос  

Тел.    

e-mail 

 

Талабот ба мақолаҳои илмӣ

 

  Мақолаҳо бояд дорои индекси УДК, калидвожаҳо ва аннотатсия бо забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд. Сохтори мақола дар шакли зерин бошад: қисми мухтасари муқаддимавӣ бо ифодаи дақиқ ва тавсифи масъалаи мавриди баррасиқарордодашуда, қисми мазмунӣ, хулосаҳои мушаххасе, ки аз маводи пешниҳодшуда бармеоянд ва феҳристи адабиёти истифодашуда.

  Матн бидуни дефис, ба паҳнои саҳифа мувофиқ карда, шрифти Times New Roman, андоза 14, фосилаи байни сатр 1, ҳошия аз 4 тараф 2 см. Рақамҳои римӣ бо ҳуруфи англисӣ чоп карда мешаванд.

  Ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд гурӯҳбандӣ карда шаванд ва як объекти графикиро ифода намоянд. Ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд ном дошта бошанд. Маълумоти рақамӣ дар шакли ҷадвал пешниҳод карда мешавад. Ҳар як ҷадвал бояд рақами пайдарай дошта бошад. Рақамгузории ҷадвалҳо пайваста бошад. Ихтисороти калимаҳо дар ҷадвалҳо иҷозат дода намешавад, ба истиснои воҳидҳои ченак. Қимати ададии бузургиҳо дар ҷадвалҳо ва матн бояд дар Системати байналмилалии воҳидҳо (ҳатмӣ) нишон дода шаванд.

Истинодҳо дар қавси мураббаъ оварда шаванд, мисол [3].

Намуна:

 

УДК 626.81

ЗАХИРАҲОИ ОБИ ТОҶИКИСТОН

Қодиров А.С.

Ходими калони илмии ИМО,ГЭваЭ АМИТ,

Тел: (+992 37) 2222321; E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Дар мақолаи мазкур...

Калидвожаҳо: об, дарё, ...

 

In the paper …

Keywords: water, river…

 

Матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола, матни мақола…

Адабиёт

(бо тартиби алифбо, эзоҳҳо дар поварақ иҷозат дода намешавад) 

 

Масъулият барои эътимоднокӣ ва таҳрири илмии маводи пешниҳодшуда ба зиммаи худи муаллифон гузошта шудааст.

 

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС

Барои иштирок дар конференсия ва баррасии маколаҳо ба кумитаи тадорукоти конференсия муроҷиат намоед:

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Телефонҳо барои тамос: (+992) 93-728-72-72; 93-474-88-66; 919-33-77-42.

 

Умедворем, ҳамкориҳоямонро амиқтар менамоем.

 

КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ КОНФЕРЕНСИЯ

Last modified on Ҷумъа, 11 Март 2022
Яндекс.Метрика