Обшавии пиряхҳо хатари ҷиддиро ба коҳиши захираҳои об, зиёдшавии офатҳои табиӣ, халалдор шудани низоми экосистемаҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ оварда мерасонад. Дар чунин шароит, таъхир дар андешидани тадбирҳои муштарак метавонад паёмадҳои ҷуброннопазирро ба бор оварад. Аз ин лиҳоз, пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо саривақтӣ, балки барои ояндаи амнияти экологӣ ва рушди устувори инсоният аҳамияти стратегӣ доранд. Ташаббусҳои