wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 12.05.2026 дар озмоишгоҳи «Сифати об»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рӯзи аввал ходимони илмии озмоишгоҳ донишҷӯёнро бо сохтори озмоишгоҳ, усулҳои тадқиқотӣ ва самтҳои фаъолияти илмӣ шинос намуданд.
  Дар рафти шиносоӣ бо донишҷӯён таҷҳизоти муосири корӣ, таҷҳизоти сайёр (портативный) асбобҳои ченкунӣ ва усулҳои таҳлили таркиби об намоиш ва тарзи кори онҳо нишон дода шуд. Инчунин, ҷиҳати таъмини бехатарӣ, бо таҷрибаомӯзон дастурдиҳӣ оид ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар озмоишгоҳ гузаронида шуд.
Мақсад аз ин таҷрибаомӯзӣ мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳавӣ мебошад. Донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки ба корҳои амалӣ ва таҷҳизоти озмоишӣ аз наздик шинос шаванд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Last modified on Чоршанбе, 13 Май 2026
Яндекс.Метрика