Ташрифи ҳайати олимони Академияи илмҳои Чин ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Профессор Чанг Цун ва доктор Жонг Руизен аз Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Чин рӯзи 4 августи соли 2026 аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар доираи сафари мазкур вохӯрии директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Гулахмадзода Аминҷон Абдучаббор бо олимони чинӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ дар самти идоракунии захираҳои об, омӯзиши пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва технологӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими робитаҳои илмӣ изҳор намуданд.
Тоҷикӣ
Русский
English