Ҷаласаро муовини директор оид ба илм ва таълими Институт Қурбонов Н.Б. ифтитоҳ намуда, сипас суханро ба зиммаи ходими калони Лабораторияи «Сифати об ва экология»-и ИМОГЭваЭ АМИТ Асоев Ҳасан Мирзоевич вогузор намуд.
Ходими калони илмӣ Ҳасан Асоев дар бораи иқтисоди сабз ва рушди устувор, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба тафсил маърӯза намуд:
«Садаи ХХI-ро асри шиддатёбии ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ном мебаранд. Дар остонаи ин аср ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як зумра муаммоҳои глобалие мувоҷеҳ гардид, ки онҳо дар маҷмӯъ ба ҳастии инсоният таҳдид менамоянд. Пеш аз он, ки дар атрофи ин мавзӯъ баҳс ороем, нахуст моро лозим меояд, ки зуҳуроти ин масоилро аз дидгоҳҳои гуногун мавриди арзёбӣ қарор диҳем. Ҳоло аксар олимону коршиносон бар он назаранд, ки гузариш аз модели анъанавии рушди иқтисодӣ ба иқтисодиёти сабз, баҳри ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ) имконоти мусоид фароҳам меорад. Ба ибораи муҳаққиқ А.Б. Вебер: «Консепсияи рушди устувор ин антизеси глобализатсия мебошад». Аз ин бармеояд, ки Рушди Ҳазорсола тренди умумиҷаҳонӣ буда, он на танҳо рушди устувори Иқтисодиёти миллӣ, балки иқтисодиёти ҷаҳониро низ таъмин менамояд.
Соли 2002 саммити ҷаҳонӣ дар Йоҳаннесбург ҷомеаи ҷаҳониро ҳидоят намуд, ки баҳри ноил шудан ба ҲРҲ дастаҷамъона тадбирҳо андешанд. Вобаста ба он “Декларатсияи рушди сабз” қабул гардид. Он ба таври возеҳ дар “Рӯзномаи асри ХХ1” ва дигар санади меъёрҳои ҳуқуқии СММ инъикос ёфтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ҳавасмандии худро ба мақсади ноил шудан ба ҲРҲ иброз намуда, алҳол он дар доираи барномаҳои «Арзёбии талабот барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар Тоҷикистон (2018-2028)», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор аз 1.10. 2007, №500 ва ғайра амалӣ гашта истодааст. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил шудан ба Ҳадафхои Рушди Ҳазорсола ба даҳ конвенсияи экологӣ, аз қабили Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳифзи қабати азон» (1996), Конвенсияи «гуногунии биологӣ» (1997), Конвенсия «Доир ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ» (1997), Конвенсия «Дар бораи тағйирёбии иқлим» (1998), Конвенсия «Дар бораи заминҳои обӣ-ботлоқӣ» (2000), Конвенсия «Доир ба нигоҳдории намудҳои кӯчандаи ҳайвоноти ваҳшӣ» (2000), Конвенсияи Орхус «Дар бораи дастрасӣ доштан ба ахбор, иштироки аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адлия дар масъалаҳои муҳити зист» (2001), Конвенсияи Стокголм «Дар бораи ифлоскунандаҳои устувори моддаҳои органикӣ» (2002), Конвенсия “Доир ба баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист” (2004), Протоколи Монреал “Дар бораи вайронкунии қабати азон” (1997) ва Протоколи Картахенӣ “Доир ба бехатарии биологӣ”, шомил гардид. Дар баробари ин, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷодаи ҳифзи табиат зиёда ба 25 қонун ва даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» (1994), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» (1996), “Кодекси замин” (1996), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” (1999), “Кодекси об” (2000), Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ” (2003), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии биологӣ” (2005) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳофизати олами набототу ҳайвонот” ва ғайраро қабул намуда, онҳоро вобаста ба замон такмил дода истодааст.
Дар санадҳои зикргардида омадааст, ки мақсади гузариши Тоҷикистон ба рушди устувор пеш аз ҳама таъмини босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, бо нигоҳ доштани муҳити мусоиди зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти наслҳои имрӯза ва ояндаи кишвар мебошад. Аз ин нигоштаҳо бардоште ҳосил кардан мумкин аст, ки рушди устувор - рушдест, ки эҳтиёҷи насли имрӯзаро қонеъ гардонида, эҳтиёҷи наслҳои ояндаро таҳти хатар қарор намедиҳад. Он дар се ченаки асосӣ: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ифода меёбад. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки алҳол чандин лойҳаҳою барномаҳои мухталиф амалӣ гардонидааст. Чунончи, Ҳамчунин дар ин замина як зумра барномаҳоро ба монандӣ Барномаи давлатӣ «оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пирияхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»-ро таҳия ва амалӣ намуданд. Ин аснодҳо дар маҷмӯъ сиёсати ҳуқуқии давлатро дар ҷоддаи об муайян намуда, дар самти оқилона истифодабарии он баҳри таъмини рушди устувори иҷтимои – иқтисодӣ ва амнияти экологӣ кафолати ҳуқуқии онро таъмин менамояд. Диққати Тоҷикистон ба амалигардонии ҲРҲ нигаронда шуда, вобаста ба замон дар ин самт тадбирҳо андешида истодааст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин раванди коргузорӣ ба олимону коршиносон имкон медиҳад, ки моделҳои гуногуни гузариши Тоҷикистонро ба рушди устувор таҳия ва тарҳрезӣ намоянд. Хусусияти хоси ин гузариш аввалан дар он зоҳир мегардад, ки арзишҳои экологӣ аз нигоҳи сиёсӣ натиҷагирӣ гардида, баъдан онҳо баҳри таҳкими рушди иқтисодиёти миллӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Сониян, дар доираи ҲРҲ ҷонибҳои гуногун метавонанд сари як миз нишаста, аз мавқеи якдигар бо дидгоҳҳои гуногун шинос шуда, дар доираи муколамаи тамаддунҳо баҳри ҳалли муаммоҳои глобалӣ пешниҳодҳои худро баён намоянд...
Имрӯз пайваста дар атрофи рушди устувор ҳарф мезанем, аммо дақиқ назар андозем, маълум мегардад, ки то ҳол ин мафҳум вобаста ба шароитҳои табиии кишварамон ба таври возеҳ арзёбӣ нагардидааст. Аз ҳамин нуқтаи назар, мушкилоти гузариши Тоҷикистон ба рушди устувор маншаъ мегирад. Қобили зикр аст, ки феълан дар илм бештар аз сад таърифи мафҳуми рушди устувор вуҷуд дорад, аммо мо то ҳол аниқ гуфта наметавонем, ки амалигардонии кадоме аз ин таърифҳо вобаста ба мавқеи географии кишварамон баҳри ноил шудан ба ҲРҲ заминаи боэътимод мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, вақти он расидааст, ки бори дигар ин мафҳумро вобаста ба шароитҳои табии кишварамон шарҳу тавзеҳ дода, дар иртибот ба он индикаторҳои гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рушди устувор муайян намоем. Зеро ин мафҳум дар илм ҷадид буда, он то ҳол ба таври мукаммал ташаккул наёфтааст. Возеҳтар гуем, акнун вақти он расидааст, ки оид ба ин мафҳум мубодилаи афкори олимону коршиносони соҳаро доир намоем. Зеро дар ҷаҳони муосир ҳоло 1300 индикаторҳои рушди устувор муайян карда шудааст, вале то ҳол аз нигоҳи касбӣ индукаторҳои рушди устувори Тоҷикистон муайян карда нашудааст. Дар ҳоле, ки солиёни охир дар матбуоти илмию даврии кишварамон як теъдод асару мақолаҳое интишор гардида истодаанд, ки зарурияти гузариши Тоҷикистонро ба рушди устувор нишон медиҳанд...
Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии ҲРҲ, ҷаҳор ташаббус зоҳир намуд: соли 2003 - Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт», соли 2013 – “Соли дипломатияи об, ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об”, солҳои 2018 -2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об баҳри рушди устувор”. Дар доираи ин ташаббусҳо Созмони Милалӣ Муттаҳид қатъномаҳо қабул намуда, дар иртибот ба он вазъи ҷомеаи ҷаҳониро дар масоили об аз дидгоҳҳои гуногун таҳлилу таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки бояд дар ҳалли ин қазия кишварҳои ҷаҳон дастаҷамъона тадбирҳо андешанд...
Имрӯз дар як қатор кишварҳо нархи оби нушокӣ нисбат ба нархи сӯзишворӣ боло рафтааст. Воқеияти зиндагӣ айни замон собит менамояд, ки агар мо дар масъалаи оқилона истифодабарии об муросою мадоро ва гуфтушунидҳои созандаро дар байни кишварҳои ҳамҷавор ба роҳ намонем, он дар ояндаи наздик оқибатҳои ногуворро ба бор меоварад. Минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин манзур шуда метавонад. Дар тақвият бар ин андеша метавон гуфт, ки тибқи нигоришҳои матбуотӣ ба туфайли қатъномаҳои қабулшуда, ҳоло дар ҷаҳон 1228 ташаббусҳои муштарак оид ба истифодаи маҷрои дарёҳои фаромарзӣ ва 150 созишномаи байналмилалӣ ба имзо расидааст. Далели мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақсад аз қабули ин қатъномаҳо аз як тараф, муайян намудани дурнамои сиёсат вобаста ба об дар сатҳҳои гуногун, баҳри беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ бошад, аз дигар тараф, вобаста бо арзишҳои илмӣ ташаккул додани сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалист. Яъне тавассути чунин амалҳо ҳаллу фасл намудани ин мушкилоти глобалӣ мебошад. Зеро маҳз арзёбиҳои сиёсати экологӣ имкон медиҳанд, ки ҳар як кишвар ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ва баҳри гузаштан ба рушди устувор саҳмгузорӣ намояд. Аз ин бармеояд, ки ҳалли ин қазия дар замони муосир аз таҳқиқ ва баррасии далелҳои сиёсати экологӣ вобастагӣ дорад. Маҳз натиҷагирӣ ва баррасии чунин арзишҳо боиси бартарафсозии ихтилофҳо дар ин самт мегарданд.
Ҳамин тавр, таҳқиқоти мазкур дар доираи ҲРҲ бо усули бо далел собиткунӣ, таҳлилӣ ва таснифӣ гузаронида шуда, он дар маҷмуъ нақши НБО-и “Роғун”-ро ҳамчун намунае аз иқтисодиёти сабзи минтақа баён менамояд. Аз натиҷагириҳои ин пажӯҳиш бармеояд, ки айни замон дар минтақаи Осиёи Марказӣ проблемаҳои экологӣ дар саргаҳи сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт қарор доранд. Аз ин лиҳоз, вазифаи муҳим барои минтақа вобаста ба замон ҳаллу фасл намудани онҳо мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар доираи ҲРҲ 17 ҳадаф, 169 вазифа ва 230 индикаторҳо муайян гардидааст. Акнун вақт он расидааст, ки дар ин замина консепсияи назаривию амалии модели гузариши Тоҷикистонро ба рушди устувор таҳия намоем. Чунки дар сатҳи ҳукумат чандин маротиба зарурияти давра ба давра гузаштан ба рушди устувор масъалагузорӣ гардидааст...
Аз назари донишмандон бунёди НБО-и “Роғун” дар таҳким бахшидани иқтисодиёт ва истиқрори сулҳи минтақа нақши бориз мебозад. Аз ин бармеояд, ки он ба такомулу ташаккули афкори ҷадид дар ин самт асос мегузорад. Агар далелу андешаҳои дар ин монография дарҷшударо мантиқан таҳлил намоем, маълум мегардад, ки баҳси бунёди неругоҳи “Норак” 35 сол ва неругоҳи Роғун 80 сол боз идома дорад. Аммо то ҳол равшан нест, ки баҳси бунёди неругоҳи “Даштиҷум” чанд сол идома меёфта бошад?
Таҳлилҳои илмӣ собит менамоянд, ки бунёди неругоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон ягона роҳи наҷоти минтақа буда, дар маҷмуъ баҳри амалӣ гардонидани ормону мароми мардуми минтақа имкониятҳои мусоидро фароҳам меоранд. Чуноне ки дар гузашта бунёди НБО-и “Роғун” ормону мароми халки тоҷик буд, имрӯз он ба ормону мароми мардуми минтақа табдил ёфтааст».
Ҳамин тариқ, пас аз фарҷоми маърӯза Ҳасан Асоев ба саволҳои сершумори иштирокчиён посухҳои қоненкунанда гардонид ва дар байни ҳозирин дар бораи мавзӯи меҳварии семинар – «Иқтисоди сабз ва рушди устувори Тоҷикистон» мубодилаи афкор сурат гирифт.
Last modified on Панҷшанбе, 17 Март 2022