wrapper

Навидҳои рӯз

Тавассути татбиқи иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар 15-20 соли охир дастрасии зиёда аз 750 миллион нафар аҳолӣ ба манбаъҳои оби ошомидании ҷавобгӯй ба талаботи санитарӣ-экологӣ таъмин гардидааст.

Ин матлабро  мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Мурод Собиров   дар семинари илмию назариявӣ, ки  таҳти унвони    «Тоҷикистон– пешоҳанги  масоили  ҳифзи  об дар ҷаҳон» дар донишгоҳи мазкур доир шуд, баён намуд. Мавсуф дар мавзӯи «Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон» маърӯза намуда, ҷиҳати иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ибрози андеша кард.

Мавриди зикр аст, ки семинари илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об,   ки 22 март таҷлил мешавад ва татбиқи ҳадафҳои  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бо ибтикори факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар ҷамъомад сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ромиз Абдуллоев оид ба аҳамияти об дар ҳаёти инсон ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги ҳифзи захираҳои об дар миқёси ҷаҳон сухан гуфт.

Сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Бахтиёр Ёқубов оид ба «Ҳолати кунунии истифодаи захираҳои об дар вилояти Суғд» ба иштирокчиёни семинар маълумот дода, вазъи мавҷударо баҳогузорӣ кард.

Ҳамзамон дар семинар доир ба «Мавқеи тозанамоии партовобҳо дар беҳдошти муҳити зист» гуфта шуд, ки безараргардонии партовобҳо дар сатҳи вилоят ҳолати ташвишовар дошта, он метавонад сабаби ифлосшавии муҳити табиӣ бошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро мебояд ҷиҳати барқарорнамоии шабакаи рафъи партовобҳо дар шаҳру навоҳии Гулистон, Истаравшан, Ашт, Зафаробод ва ғайра тадбирҳои мушаххас андешанд.

https://khovar.tj/2020/03/peshvoi-millat-asosguzori-diplomatiyai-ob-dar-a-on-bardosht-az-seminari-ilmiyu-nazariyav-dar-hu-and/ 

 
Last modified on Чоршанбе, 28 Апрел 2021
Яндекс.Метрика