wrapper

Навидҳои рӯз

  Имрӯз (20.01.2023) қалби яке аз олимони шинохта, кимиёшиноси соҳибмактаб, доктори илмҳои кимиё, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология Сафиев Ҳайдар Сафиевич аз тапидан боз монд.

Зиндагиномаи академик Ҳайдар Сафиев пандомӯз ва мактаби илмии устод намунаи ибрат мебошад, зеро устод дар ҳар вазифае фаъолият кардааст, ҳамеша баҳри пешрафту рушди соҳа ва дастгирию роҳнамоии мутахассисони ҷавон кӯшидааст.

Устод Ҳайдар Сафиев 5 феврали соли 1950 дар шаҳри бостонии Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми дабистон озими Душанбешаҳр гардида, донишҷуйи Институти политехникии Душанбе (Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) мегардад. Дониши фавқулода ва маҳорати баланди ӯро ба инобат гирифта, Ҳайдар Сафиевро барои идомаи таҳсил ба Институти политехникии Киев (Донишгоҳи миллии техникии Украина «Донишкадаи политехникии Киев ба номи Игор Сикорский») равон менамоянд ва мавсуф донишгоҳи фавқро соли 1972 хатм мекунад.

Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаҳои лаборант ва ассистенти кафедра дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1972-1973) оғоз намуда, дар вазифаҳои ходими хурди илмии Донишкадаи политехникии Киев (1973-1977), муаллими калон ва мудири кафедра дар Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (1977-1982) идома медиҳад.  Аз соли 1982 то соли 1987 муовини мудири Шуъбаи илм, техника ва мактабҳои олӣ ва миёнаи назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои 1987-1998 мудири озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Баъдан дар вазифаҳои муовини сардори шуъбаи техникаи Корхонаи алюминийи Тоҷикистон (1998-2001), саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2000-2001), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2001-2005), мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили илм ва технологияи баланд (2005-2009) ва директори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии металлургия»-и Корхонаи воҳиди давлатии ТАЛКО (аз соли 2009 то лаҳзаи вопасин) фаъолият намудааст.

Пас аз чанд муддати фаъолият дар вазифаи саркотибии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устод Ҳайдар Сафиевро мудири Шуъбаи навтаъсиси масоили об ва экология, ки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи он таъсис ёфтааст, таъйин менамоянд. Аз ин рӯ, устод Ҳайдар Сафиев аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, чанде роҳбарии онро ба зимма дошт.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии академик Ҳайдар Сафиев химия ва технологияи маводи ғайриорганикӣ, коркарди ҷомеи ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ буда, дар заминаи омӯзишу пажӯҳишот беш аз 300 асару мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Ҳамчунин, устод дорандаи зиёда аз 30 шаҳодатномаи муаллифии ИҶШС, патентҳои Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Устод Ҳайдар Сафиев яке аз муҳаққиқону ихтироъкорони маъруф ва соҳибмактаби илмҳои химия ва технология ба шумор рафта, аз як қатор мактабҳои илмию озмоишии Россия, Украина ва Белорус малакаи илмӣ ва таҷрибавӣ андӯхта, пас аз таҳсил дар аспирантураи Донишкадаи политехникии Киев (1973-1977), дар шаҳри Минск (1977) рисолаи номзадиро дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ мушарраф мегардад ва дар натиҷаи ҷустуҷӯ, таҷрибаҳо ва ихтирооти илмӣ соли 1997 дар Шурои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи докториро дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои химия (1997) ноил гардидааст. Устод Ҳайдар Сафиев дорандаи унвонҳоии илмии профессор (1998), узви вобастаи (2000) ва академики (2014) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, барои дастоварду кашфиётҳои назарраси илмӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001) ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2002) мукофонида шудааст.

Ҳамин тавр, олими забардасту кимиёшиноси соҳибмактаб Ҳайдар Сафиев ҳамеша барои беҳтар намудани сифату самаранокии таълим, омодасозии мутахассисони соҳибтаҳсилоту соҳибунвони ватанӣ ва берун аз он, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи пажӯҳишҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва корҳои ихтироотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба корҳову ҷустуҷӯйҳои илмӣ саъю кӯшиши пайваста зоҳир менамуд, ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати илму таълим ҷидду ҷаҳди натиҷаовар кардааст. Аз ин рӯ, кӯшишҳои академик Ҳайдар Сафиев дар ҳама самт шоёни таҳсин ва пайравианд.

Афсӯсу дареғо, ки устоди донишманд, олими соҳибмактаб ва роҳбари кордону меҳрубон Ҳайдар Сафиев дар айни камолоти эҷодӣ аз олам чашм пӯшид:

Агар аҳли маориф бигзарад, боқӣ бувад номаш,

Ҳаёти ҷовидон илм асту бурҳонаш бувад таълим.

Раёсати Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз марги бармаҳалли устод Сафиев Ҳайдар Сафиевич андӯҳгин буда, ба пайвандон, шогирдон ва наздиконаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Last modified on Сешанбе, 24 Январ 2023
Яндекс.Метрика