Семинарҳо
- Чоршанбе, 25 Июн 2025
Семинари омӯзишӣ оид ба Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО)
Санаи 23 июни соли 2025 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар доираи "Лоиҳаи маҷмӯавии рушди деҳот" (TRIGGER) оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари мазкур аз ҷониби роҳбари гурӯҳи коршиносон Константин Ситоу ва коршиноси миллӣ оид ба ИҲЗО Шоҳида Тулиева гузаронида шуд.
Муфассал...
- Панҷшанбе, 08 Май 2025
Ташрифи профессорони Донишгоҳи илмҳои заминшиносии Чин ба Институт
Санаи 5 майи соли 2025 ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ меҳмонон аз Донишгоҳи илмҳои заминшиносии шаҳри Ухани Ҷумҳурии халқии Чин профессор Сян Джанг ва профессор Сихуэй Гу ташриф оварданд. Дар толори Шурои диссертатсионии институт семинар баргузор гардид, ки онро директори институт доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода А.А. оғоз бахшид. Зимни суханронии худ Гулаҳмадзода А.А. меҳмононро хайрамақдам намуда, онҳоро бо аҳли кормандони институт шинос намуд.
Муфассал...
- Панҷшанбе, 17 Март 2022
Иқтисоди сабз ва рушди устувори Тоҷикистон
Бахшида Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об (22 март) ва дар доираи ташаббуси чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», имрӯз (17.03.2022) дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтисоди сабз ва рушди устувори Тоҷикистон» семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он ходимони илмӣ, докторантон (PhD) ва магистрон иштирок намуданд.
Муфассал...
- Чоршанбе, 28 Апрел 2021
Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон
Тавассути татбиқи иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар 15-20 соли охир дастрасии зиёда аз 750 миллион нафар аҳолӣ ба манбаъҳои оби ошомидании ҷавобгӯй ба талаботи санитарӣ-экологӣ таъмин гардидааст.
Ин матлабро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мурод Собиров дар семинари илмию назариявӣ, ки таҳти унвони «Тоҷикистон– пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон» дар донишгоҳи мазкур доир шуд, баён намуд. Мавсуф дар мавзӯи «Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон» маърӯза намуда, ҷиҳати иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ибрози андеша кард.
Муфассал...
Тоҷикӣ
Русский
English