wrapper

Навидҳои рӯз

Мақолаҳо

Конфронсҳои иқлимии СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст

 Яке аз мушкилоти мураккаб, печида ва ҳалталаби экологӣ, ки ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон таъсири манфӣ расонида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеа эҷод менамояд, тағйирёбии глобалии иқлим мебошад. Ҳарчанд таъсири манфии ин равандҳо ҳам ҷанбаҳои фаъолият ва ҳам инфрасохторҳои мавҷударо дар тамоми гӯшаю канори сайёра фаро гирифтаанд, вале таъсири онҳо ба захираҳои об аз ҳама бештар зоҳир мегардад.

Чунин нигоштааст муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбон дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар». Дар зер шакли пурраи мавод манзур мегардад.

Муфассал...

Гармои шадид дар сайёра. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?

 Иқлимшииносон бар ин назар ҳастанд, ки гармшавии глобалӣ аз охирҳои асри 19 мушоҳида карда мешавад ва суръати он мунтазам меафзояд. Агар ин гармшавӣ боздошта нашавад, дар оянда сайёра ба оқибатҳои ногувор дучор мегардад. Бинобар ин мубориза ба муқобили гармшавии глобалӣ- тамоюли устувор ва пойдори ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Муфассал...

Тоҷикистон. Созмони Милали Муттаҳид шашумин ташаббуси ҷаҳонии кишвари моро ҷонибдорӣ кард

  Боиси ифтихори бузургу саодати азим аст, ки 13-уми августи соли 2024 зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи ҷадиде таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид. Даҳсолаи мазкур ташаббуси шашуми байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст.

Муфассал...

Тоҷикистон дар масири мубориза алайҳи мушкилоти глобалии иқлим

Аз баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим ва шиддат ёфтани офатҳои хусусияти гидрометеорологидошта, ба монанди хушксолию камобӣ, дар солҳои охир зимни ироаи Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ, аз як тараф, мубраму ҳалталаб будани онҳоро нишон медиҳад, аз ҷониби дигар, ҳамеша дар меҳвари сиёсати экологии Пешвои миллат қарор доштани ин масоилро собит менамояд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика