wrapper

Навидҳои рӯз


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Вохӯриҳо Суханрониҳо  Санадҳо Паёмҳо Сафарҳо

Махзани маълумотҳо оид ба захираҳои об

Семинари илмӣ: Хушкшавии баҳри Арал ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ
  Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Хушкшавии баҳри Арал ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ҷараёни семинар паёмадҳои асосии хушкшавии Баҳри Арал, аз ҷумла тӯфонҳои чангу намак, тағйирёбии иқлими минтақавӣ, норасоии захираҳои об, таназзули заминҳо ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ, инчунин аҳамияти таҳқиқоти илмӣ барои идоракунии устувори захираҳои оби минтақа баррасӣ шуданд.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти
  Ташаббусҳои байналмилалие, ки тайи ду даҳсолаҳои охир бо роҳбарӣ ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилали амалӣ гардиданд, масъалаҳои ҳаётан муҳим барои инсоният ба меҳвари сиёсати байналмилали табдил ёфтанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини амнияти экологӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ равона гардидаанд.  Ба
Хушхабари муҳими илмӣ!
  Давлатшоев Саломат Қаноатшоевич ба ҳайси узви пайваста (академик)-и Академияи муҳандисии Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин далели эътирофи саҳми арзандаи устод дар рушди илм ва муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.      
Семинари илмӣ: Арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби Тоҷикистон, дар мисоли дарёи Варзоб
  Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи: “Арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби Тоҷикистон, дар мисоли дарёи Варзоб” баргузор гардид.    Семинар аз ҷониби магистранти Донишгоҳи Қазоқистон–Олмон дар доираи таҷрибаомӯзии пеш аз ҳимояи кори дипломӣ пешниҳод карда шуд.                
Тақвияти ҳамкориҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор 6.1 ва 6.2 дар Тоҷикистон
  Вохӯрии намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.   Зимни мулоқот масъалаҳои дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор, таъсири тағйирёбии иқлим, баргузории чорабинии канорӣ дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва саҳми тадқиқоти илмӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор 6.1 ва 6.2 баррасӣ шуданд.   Ҷонибҳо омодагии худро барои
Маросими муаррифии дастовардҳои марҳалаи аввалини ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ байни
  Имрӯз, 10 декабр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин, ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection маросими муаррифии дастовардҳои марҳалаи аввалини ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ байни Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.  
Таҳлилу баррасии ҳисоботи солона дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
  27 ноябри соли равон дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии ҳисоботи солонаи Институт ҷаласаи умумӣ баргузор гардид. Ба кори ҷаласа директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадзода Аминҷон ҳусни оғоз бахшид. Дар идомаи ҳисоботи муфассал аз ҷониби директори Институт доир ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии институт дар давоми як сол
Маҷлиси тантанави бахшида ба Рӯзи ПРЕЗИДЕНТИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институт
   13 ноябри соли 2025 – Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бо иштироки кормандон ва муҳаққиқони ҷавон, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 16-уми ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.    Директори Институт, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор, зимни суханронӣ табрикоти самимии худро ба иштирокчиёни чорабинӣ расонида, қайд намуд, ки ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи
Муаррифии 4 монографияи тозанашри муштараки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи
 Имрӯз, 13 ноябр, дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари муштараки илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар муаррифӣ намудани 4 монографияи тозанашри муштарак буд, ки аз ҷониби олимони Тоҷикистон ва Чин таҳия ва ба нашр расидаанд.   Дар кори семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, суханронӣ намуда, изҳор
Hide Main content block

Маҷаллаи илмӣ-амалӣ

Яндекс.Метрика