wrapper

Навидҳои рӯз

Admin sait

Admin sait

Тозагии соҳил тозагии об аст

  Бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об, аз ҷумла, дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо мақсади тоза намудани соҳили дарёи Душанбе аз партовҳои гуногун аз ҷониби кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 10.06.2023 аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ин аксияи экологӣ кормандони институт фаъолона ширкат варзида, дар тоза кардани қисме аз соҳили дарё ва баровардани партовҳо аз оби дарё саҳми худро гузоштанд.

Муфассал...

Ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нав мегузарад

  Аз 18 то 19 май дар музофоти Шэнси, дар шаҳри Сиан нишасти сарони Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон ширкат доштанд. Ин як лаҳзаи муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ ва таҳкими дӯстии Осиёи Марказӣ ва Чин мебошад.

Муфассал...

Мактуби иттилоотӣ

Мактуби иттилоотӣ

 Дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нақша-чорабиниҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институт санаи 6-7 октябри соли 2023 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Захираҳои об, инноватсия, захира- ва энергиясарфанамоӣ»-ро баргузор менамояд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика