wrapper

Навидҳои рӯз

Admin sait

Admin sait

50 соли фаъолияти пурсамар

  Ҳайати ходимону кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ муовини директор оид ба илм ва таълим, ходими калони илмии Лабораторияи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикӣ, номзади илмҳои техникӣ Степанова Наталья Николаевнаро ба  муносибати сарфароз гардиданашон ба медали «50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» табрику шодбош намуда, ба олими пуркору роҳбари кордон саломатии бардавом ва фаъолияти пурсамари эҷодиро таманно менамоянд.

Муфассал...

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ фархунда бод!

 

  Санаи 30 августи соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, мудири Сохтори илмӣ-таълимӣ ва таҳлилии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ ва технологӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд сарфароз гадонида шуд.

Муфассал...

Арзёбии устувории робитаи об-энергия-озуқаворӣ-муҳити зист барои обёрии кишоварзӣ: Равишҳои байнисоҳавӣ барои Осиёи Марказӣ (WEFCA)

   Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи ш.Тошканд» ва Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об (IWMI) дар доираи ташаббуси NEXUS GAINS аз 21 то 25 августи соли 2023 дар ш.Тошканд  2-умин Дарсҳои байналмилалии тобистона – 2023 “Арзёбии устувории робитаи об-энергия-озуқаворӣ-муҳити зист барои обёрии кишоварзӣ: Равишҳои байнисоҳавӣ барои Осиёи Марказӣ (WEFCA)”-ро омода намуданд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика