wrapper

Навидҳои рӯз

Admin sait

Admin sait

Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ

  Дар маҷмӯаи гузоришҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» маводҳо дар самтҳои муҳимми зерин пешниҳод карда мешаванд усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, гидроэкология, гидрохимия ва сифати об, рушди устувор ва иқтисоди сабз, иншоотҳои гидротехникӣ ва сохтмон, дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ, аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор, масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об.

Муфассал...

Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ

  Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нақша-чорабиниҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 6-7 октябри соли 2023 дар толори Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Захираҳои об, инноватсия, захира- ва энергиясарфанамоӣ», бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  баргузор гардид.

Муфассал...

Конференсияи илмӣ – назариявии “Тоҷикистон ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳифзи пиряхҳо”

  Санаи 3 майи соли 2023 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – назариявиро дар мавзӯи “Тоҷикистон ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳифзи пиряхҳо” баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика