wrapper

Навидҳои рӯз

Admin sait

Admin sait

Конференсияи илмӣ – назариявии “Тоҷикистон ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳифзи пиряхҳо”

  Санаи 3 майи соли 2023 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – назариявиро дар мавзӯи “Тоҷикистон ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳифзи пиряхҳо” баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Муфассал...

Пазируфтани ташаббусҳои Пешвои тоҷикон аз ҷониби СММ бори дигар аз нуфузи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад

  Тавре қаблан иттилоъ додем, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА дар ин бора чунин изҳори назар кард:

Муфассал...

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — заминаи меҳварӣ дар ҳалли масоили об

  Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст.  Дар ин самт,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  минбарҳои бонуфузи  созмонҳои  байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосоз ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим пазируфта шудааст.

  Мубрам будани масъалаҳои  истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои ҷомеаи ҷаҳонӣ. Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд, ки аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика