wrapper

Навидҳои рӯз

Admin sait

Admin sait

Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО-и «Роғун» ва аҳаммияти байналмилалии ин иншооти аср

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» мамлакати шашуми пешсафи сайёра мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт,  ки баъди ба таври пурра ба истифода додани НБО-и «Роғун» нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад шуд».

Ин матлабро 13 июли соли 2022 Пешвои миллат зимни мулоқот бо сохтмончиёни НБО-и «Роғун» вобаста ба истифодаи мақсадноки об- ин неъмати бузург бо назардошти вазъи феълии тағйирёбии иқлим изҳори доштанд.

Муфассал...

50 соли фаъолияти пурсамар

  Ҳайати ходимону кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ муовини директор оид ба илм ва таълим, ходими калони илмии Лабораторияи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикӣ, номзади илмҳои техникӣ Степанова Наталья Николаевнаро ба  муносибати сарфароз гардиданашон ба медали «50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» табрику шодбош намуда, ба олими пуркору роҳбари кордон саломатии бардавом ва фаъолияти пурсамари эҷодиро таманно менамоянд.

Муфассал...

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ фархунда бод!

 

  Санаи 30 августи соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, мудири Сохтори илмӣ-таълимӣ ва таҳлилии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ ва технологӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд сарфароз гадонида шуд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика