wrapper

Навидҳои рӯз

Admin sait

Admin sait

Конференсияи илмӣ дар мавзуи масъалаҳои ҳифз ва нигаҳбонии пиряхҳо

  Бахшида ба Соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 5 июни соли 2023 конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои ҳифз ва нигаҳбонии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо тоза” бо ширкати мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Муфассал...

Тозагии соҳил тозагии об аст

  Бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба об, аз ҷумла, дар доираи тадбирҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо мақсади тоза намудани соҳили дарёи Душанбе аз партовҳои гуногун аз ҷониби кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 10.06.2023 аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ин аксияи экологӣ кормандони институт фаъолона ширкат варзида, дар тоза кардани қисме аз соҳили дарё ва баровардани партовҳо аз оби дарё саҳми худро гузоштанд.

Муфассал...

Ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нав мегузарад

  Аз 18 то 19 май дар музофоти Шэнси, дар шаҳри Сиан нишасти сарони Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон ширкат доштанд. Ин як лаҳзаи муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ ва таҳкими дӯстии Осиёи Марказӣ ва Чин мебошад.

Муфассал...
Яндекс.Метрика