18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар дар ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти иҷро, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Агентии ҳифзи иҷтимоии