wrapper

Навидҳои рӯз

Нуқтаҳои асосӣ аз Паёми Пешвои миллат ба парлумони кишвар оиди тағйирёбии иқлим ва энергияи сабз
  Ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад. ***   ///   ***   Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.  ***   ///   *** Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои
Дифоии рисолаи докторӣ фархунда бод!
  Санаи 20 декабри соли 2024 дар ҷаласаи шӯрои илмии 6D.КОА-059 дар назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҳимояи рисолаи доктории директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қодиров Анвар Саидқулович дар мавзӯи «Қонуниятҳои трансформатсияи гидрообъектҳои захираҳои обии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.   Кори диссертатсионӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Ҷамъбасти фаъолияти солонаи Институт
  Санаи 28.11.2024, бо иштироки ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, и.в. раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника, профессор Амонзода Илҳом Темур, котиби шуъба, профессор Ғаффоров Абдулазиз Абдулҳафизович ва ҳайати коллективи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҷаласаи корӣ баргузор гардида, дар он ҳисобот доир ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институт барои соли 2024 шунида шуд.   Нахуст, ҷаласаро директори институт,
Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обии Осиёи Марказӣ
   Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои илмии АМИТ дар соли 2024, рӯзҳои 9-10 октябри соли 2024 Конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обии Осиёи Марказӣ»-ро бахшида ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намуд.   Конференсия таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази
Конфронсҳои иқлимии СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
 Яке аз мушкилоти мураккаб, печида ва ҳалталаби экологӣ, ки ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон таъсири манфӣ расонида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеа эҷод менамояд, тағйирёбии глобалии иқлим мебошад. Ҳарчанд таъсири манфии ин равандҳо ҳам ҷанбаҳои фаъолият ва ҳам инфрасохторҳои мавҷударо дар тамоми гӯшаю канори сайёра фаро гирифтаанд, вале таъсири онҳо ба захираҳои об аз ҳама бештар зоҳир мегардад. Чунин нигоштааст муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об,
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон
  12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабиниро дар раванди татбиқи қатъномаи Созмони Милал қадами муҳим
Дипломи дараҷаи доктори илмҳои техникӣ фархунда бод!
  Иҷрокунандаи вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълим Гулаҳмадов Аминҷон Абдуҷабборович, ки 30 ноябри соли 2022 аз рӯйи ихтисоси 05.09.07 – Гидравлика ва гидрологияи муҳандисӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон рисолаи докториашро  ҳимоя намуда буд, бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2024 (протоколи №11) бо дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои об, гидрохимия дар
Унвони “Шурои диссертатсионии беҳтарин” фархунда бод
  Шурои диссертатсионии 6D.KOA – 059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Шурои диссертатсионии беҳтарин” қадрдонӣ гардид.    
Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи Марказӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба об ва муҳиммияти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҷалб намудааст, ки ба рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд. Дар доираи ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани “Соли оби тоза (соли 2003)”,

ДАСТОВАРДҲОИ ИНСТИТУТ ДАР 2 СОЛИ ОХИР

Лоиҳаҳои анҷомшудаи КИТ

Лоиҳаҳои байналмилалӣ

Патентҳо

Корҳои илмӣ

Дипломҳо ва мукофотҳо

  • Матлабҳои рӯз

Махзани маълумотҳо оид ба захираҳои об

Hide Main content block

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Вохӯриҳо Суханрониҳо  Санадҳо Паёмҳо Сафарҳо

Маҷаллаи илмӣ-амалӣ

Яндекс.Метрика