Санаи 31 августи соли 2026 ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, Давлатшо Саломат Қаноат барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин постдокторанти институт Насруллозода Фарҳод Хуҷа, номзади илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар